Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳама ҷо ба гўши кас як хел
Мерасад, дўстам, садои хурўс.
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махўр ту ҳеҷ афсўс!

Мешудӣ гар асо ба дасти ягон
Марди хуби савобҷўй чу ман,
Ба Худо, ки насибаат мегашт
Шоҳворона зиндагӣ кардан.

Мана дарё… дар канори он,
Расму ойини зиндагӣ дигар аст.
Бой – бою, гадо – гадо монда,
Шоҳ чун сояи Худо ба сар аст.

Хостам пурсамат дар омади гап,
Метавонӣ шино кунӣ ин рўд?
Аз ғазаб шуд сиёҳ рўйи Ҳасан,
Ларза бигрифт, печ зад бар худ.

Ғами дирўзаро ба ёд овард,
Падару модари ситамкашро,
Ситаму ҷабри бойи қишлоқу
Дуди оҳи дили пуроташро.
Давраи нав агар намеомад,
На ароба, на асп дошт Ҳасан,
Дар ғуломию бандагӣ мемурд,
Мурдаи камбағал надошт кафан.
Ҳасани мо аробаи худро
Аз алам саҳнаи мубориза сохт,
Бойро бо ду даст боло кард,
Бо ҳама қувва бар замин андохт.

Дар ароба ҷуволи орд намонд,
Ҳамаро ў ба хоки роҳ афканд.
Пуштро карда бар Саройкамар
Ба раҳи дигаре нигоҳ афканд.


Бо ароба – дучархаи куҳна
Мегузашт аз миёни тафсончўл,
Бо сари хам ба рўйи асп мудом
Буд бо фикри хештан машғул.

Роҳи қишлоқу шоҳроҳи Вахш
Сер шуд аз таронаҳои Ҳасан,
Менишастанд баччаҳо дар роҳ
Ба тамошои рафтуои Ҳасан.

Ҳар саҳар пеш аз садои хурўс
Занги аспи ароба меомад.
Қад-қади кўчабоғҳои деҳот
Ҳасани босалоба меомад.

Дар миёни машинаҳои зиёд
Рафтуойи ароба буд аҷиб,
Менамуданд баччаҳои шўх
Дар сари роҳ аробаро таъқиб.

пешина
аз 143
навбатӣ