Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Руста буданд донаҳо аз хок
Хабар оварда аз фаровонӣ,
Киштҳо гўё, ки мегуфтанд
Хуб шуд, худ кори деҳқонӣ.
Дар бари домани адир комбайн
Ҷави навпўхтаро дарав мекард,
Ба сари теппаи баланд касе
Бош-боше ба ҷуфти гав мекард.
Дар нишемангаҳи баландиҳо
Деҳаи сабзи обшоре ҳаст.
Дар ҳама кўчабоғҳои он
Соф чун нуқра чашмасоре ҳаст.
Дар шаби моҳтоб, дар шаби тор
З-осмонаш ситора меборад,
Аз чароғи электрӣ ба сараш
Хирмани пурситора меборад.
Мактаби хушҳавои даҳсола
Сап-сафед аст дар миёни деҳ.
Ҳадя созад ҷаҳон - ҷаҳон шодӣ
Ба хушиқбол баччагони деҳ.
Буд омўзгори ин мактаб
Қаҳрамондухтари ҳикояи мо,
Мисли ҷон дўст дошт аҳли деҳ
Бо ташаббус муаллими худро.
Аввалин рўзҳои омаданаш
Ошное надошт дар қишлоқ,
Хуб санҷида аз пайи ҳар кор
Пойро мегузошт дар қишлоқ.
Ҳар чӣ бошад, ҳанўз нобалад аст,
Бо русумоту бо таомули деҳ,
Ҳар чӣ бошад, муфассал огаҳ нест
Аз дигаргунию такомули деҳ.
Рўзи аввал Садаф намедонист,
Ки чӣ сон дарсро шурўъ кунад,
Аз паси кўҳи илм чун хуршед
Ба сари деҳ чӣ сон тулўъ кунад.
Деҳаро мисли панҷ ангушташ
Садаф акнун намуда буд аз худ,
Ҳеҷ камбудие ба чашми ў
Ноаён, ношиносмонда набуд.
Ба ягон хона медаромад агар
Садафи дўстрўйи ҷингиламўй,
Мешуданд аз камоли хурсандӣ
Ҳама дар пеши ў ҳикоятгўй.
Баччае гар ба дарс дер ояд,
Сабабашро Садаф дарак мекард,
Кори мактаб, ҳаёти оиларо
Зич пайваста муштарак мекард.
Маслиҳатро ба модарон медод,
Илму одобро ба шогирдон.
Ҳушу ёдаш ба кори мактаб буд,
Ба ривоҷи фазилату ирфон.
Буд дар гирду пеши ин мактаб
Саҳни пур аз гиёҳу пурхоре,
Дасти хонандагон иваз бинмуд
Он заминро ба боғу гулзоре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё