Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

ШЕЪРҲО

КӮЧАҲОИ КӮДАКӢ

Хандаи хуршеди оламгирро
Дар лабони модари худ дидаам.
Розҳои ахтарони шомро
Дар ду чашми хоҳари худ дидаам.

Аз падар бишнидаам бори нахуст
Шеъри Ҳофизро замони кӯдакӣ.
Аз ҳазоронсола роҳаш мерасид
"Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён"-и Рӯдакӣ.

Аз барои мардуми дунёшинос Деҳаи ман гӯшаи ноошност.
Лек рамзи сарбаландиҳои ӯст
3 Кӯҳи гардунрас, ки номи вай "Туро" - ст.

Рӯди софи деҳаи мо беқарор,
То дар охир қатраи баҳре шавад.
Ӯ пушаймон нест асло мисли ман,
Баски бо як роҳ то охир равад.

Рафтаам аз кӯчаҳои кӯдакӣ,
Роҳи вопасро намеёбам кунун.
Лек танҳо модарам дорад ба ёд,
Сӯйи ӯ бояд, ки биштобам кунун...

3
Туро - номи кӯҳ дар зодгоҳи муаллиф
Дили ойинабанд

ТАҶРИБА

Ҳавои интизорӣ нест имрӯз,
Зи дуриҳо ба дериҳо расидӣ.
Магӯ аз сӯзи худ, хокистарам ман,
Ту дирӯзи маро имрӯз дидӣ.

Пушаймону парешон омадӣ ту,
Валекин фасли бахшидан гузашта.
Бигир аз остонам пойи худро,
Ки бахти пой бӯсидан гузашта.

Маҷӯ худро аз ин пас дар дили ман,
Ту дар ойинаи бишкаста мангар.
Ғурури ҳафт гардунро нигаҳ дор,
Ба рӯйи як замини хаста мангар.

Маро фардо барои ҷонканӣ монд,
Бирав, дирӯзу имрӯзам гузашта.
Пасин фасли хазону Меҳргон аст,
Баҳору иди Наврӯзам гузашта.

Нагуфтӣ ҳеҷ, бо ин рафту омад,
Магар, бо расму ойини баҳорӣ?!
Бирав ҳоло, ки рӯзе меравӣ боз,
Бирав, таҷрибаи рафтан, кӣ дорӣ!

НИГАҲБОН

Ҷудо аз рӯйи гарми дилбари худ
Ба рӯйи сарди дунё бингарам ман.
Ба ёди чанд рӯзи будани ӯ
Маҳу соли ҷудоӣ бишмарам ман.

Ба ҷойи шеър ояд аз дилам оҳ,
Тамоми рӯйи дунёро бигирад.
Зимистони дил аз се моҳ бигзашт,
Мабодо, пеш аз ман дил бимирад.

пешина
аз 39
навбатӣ