Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Номакаш чист?,
Бар худат монанд бошад?,
Мефиристӣ акси фарзанду занатро, то бубинам ман?,
Ёд меорӣ зи ман боре?,
Росташро гӯ, маро дар хоб мебинӣ шабонгоҳе?,
Дӯст медорӣ маро то ҳол?,
Ман агар, ки бозгардам, мепазирӣ?..."

Лек он вақте ки фаҳмид,
К-ин дилам аз ишқи ӯ дорад тапиш то ҳол,
Хотираш осуда гардид,
Хайр гуфту боз аз дунёи сеюм рахт баст.

Ӯ намеояд,
Лек мехоҳад, ки бошам интизораш то дами мурдан.
Ӯ ҳама бинвиштаамро як ба як хонад,
Хуб медонам, ки ҳозир
Низ мехонад ҳамин бинвиштаамро, лек
Лайке ҳам намемонад,
То нафаҳмам хонданашро.

Чун дили ман
Роҳи ӯ бошад сафед.
Чун нигоҳи шоирона
Ӯ, ки зебост,
Шеър мегӯям барояш.
Чун хаёли шоирона
Ӯ фалакпаймост,
Пеши пояш, кош, резанд
Ахтарону моҳтобу офтоб,
Гар нигаҳбони сари ман монд онҳорову рафт...
Дили ойинабанд

КУҲНАДАРДҲО

Дар пояи чанор,
Чун сояи чанор
Мардест мӯзадӯз барои ду-се дирам.
Гӯяд даруни дил:
"Бо пойпӯши дӯхтаам бар куҷо раванд"...

Дар боғзори шаҳр
Як мӯсафеди омада аз деҳи дурдаст
Бо чашмҳои хира фақат танга бишмарад.
Ин шаҳриёну шаҳрнишинон ягон-ягон
Бе эҳтиром танга ба пешаш ҳаво диҳанд,
Аммо ба ивазаш
Гӯянд бо ғурур:
"Бобӣ, дуо бте"!
(Гӯё ки ними сарвати худро бидодаанд)...

Дирӯз як нафар
Мегуфт бехаёл:
"Шогирд солҳост, ки беилму дониш аст,
Омӯзгорро
Бояд ки ҳабс кард"!
(Гӯё зи ҷайби хеш
Моҳонаи варо
Додаст барзиёд).

Марди мусофире
Чун аз баҳори сабз
То тирамоҳи зард
Пул ҷамъ мекунад,
Лекин басанда нест,
Дигар зи бозгаштани худ меканад умед,
Тилфон ба гӯш гираду гӯяд ба ҳамсараш:

пешина
аз 39
навбатӣ