Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

ҲИММАТ

Агарчи дер омадӣ,
Ба ҳаққи омадан зи дур,
Сари туву сарои ман.

Нишин даме,
Бигӯ каме,
Барои хеш омадӣ ва ё барои ман?

Агарчи буд
Хати ману хатои ту,
Нишонае зи шоирии ман туӣ.

Мапурс узр,
Ки боз ҳам зи марг пештар ту омадӣ.
Чи ҳиммат аст...

Агарчи дер омадӣ,
Бимон чу охирин умеду бовари дилам
Барои зиндагиву бахт...

Агарчи дер омадӣ...

ОРЗУҲО

Гуфтам ӯро:
«Орзуҳои дили худро бигӯ».
Бо садои гиряоҳанге ҷавобам дод:
«Ман дигар аз орзу кардан ба ҷон тарсам,
Баски ҳастам бенасиб аз орзуҳои дилам то ҳол».
Зери лаб бо худ бигуфтам:
«Кошки дар орзуҳои дили покаш
Васли моро ҷо набошад»…
Бузургмеҳри Тоҷиддин

РУБОИҲО

Бегонатаринам бишуморӣ, афсӯс,
Аз дидаву аз дилат барорӣ, афсӯс.
Бо сурхии рӯйи хеш дар рӯйи ҷаҳон
Чун лола дили сиёҳ дорӣ, афсӯс.


Бо аҳриманӣ ҷанг кунун кори ман аст,
Номуси гарони рафтагон бори ман аст.
Хомӯш нагаштааст ҳеҷ оташи Суғд,
Дар дидаву дар дилу дар ашъори ман аст.


Бо шавқ магӯ, киҳо ба дунё буданд,
Бо шӯр магӯ, ба дил чу дарё буданд.
Имрӯз, ки аз ҳамқаламат безорӣ,
Бо фахр магӯ, ки Шамсу Мавло буданд.


Бе пойи равон қуллаи уммед магӯ,
Бе тоқати шом субҳи испед магӯ.
Дар чеҳраи одамӣ агар нуре нест,
Аз нури маҳу ахтару хуршед магӯ.


Чашмат шаби сип-сиёҳ дорад, эй ҷон,
Худро ҳама ахтараш шуморад, эй ҷон.
Мӯҳои туро бод ба ҳар сӯ бибарад,
Кай бар кафи дастони ман орад, эй ҷон?!


Аз ҷабру ҷафои ту сияҳмаст шудам,
Дар майкадаҳои шаҳр побаст шудам.
Ҳарчанд зи хок қадри ман беш набуд,
Бингар, ки кунун зи хок ҳам паст шудам.

пешина
аз 39
навбатӣ