Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Ниҳон набуд зи чашми рақиб рафтани ту,
Ба рағми таънаи ӯ ошкор меойӣ?

Биё, ки ин ғазал омад зи роҳи дури дилам,
Азизи дур, бигӯ, ин баҳор меойӣ?


Соате ки шеърхонӣ мекунам,
Кӯшиши андӯҳронӣ мекунам.

Рашки сад Ширину Лайло зинда бод,
Дигареро достонӣ мекунам.

Рӯзҳои бешуморам гарчи рафт,
Боз чун дарё ҷавонӣ мекунам.

1
Олими Искандар, охир, бозгард,
Ёди базми хусравонӣ мекунам.

Ин нафас ҳам рафт бо дуди сигор,
Ғуссаҳоро осмонӣ мекунам.

Гӯши марги беамон кар бод, кар,
Зиндагиро ҷовидонӣ мекунам...


Бингар, ки ҳар нигоҳи туро шеър мекунам,
Чашмони сип-сиёҳи туро шеър мекунам.

Аз моҳи шаб бипурс, ки рӯшан бигӯядат,
Рухсораи чу моҳи туро шеър мекунам.

1
Олими Искандар - Ҳунарпешаишоистаи ҶТ, сарояндаи Шашмақом
Дили ойинабанд

Ин шоми тирарӯй марав аз канори ман,
Бо фоли нав пагоҳи туро шеър мекунам.

То домани баҳори ту дастам дароз шуд,
Дигар гулу гиёҳи туро шеър мекунам.

То боварат ба меҳри зиёдам мабод кам,
Он рашки гоҳ-гоҳи туро шеър мекунам.

Эй ҳамсафар ба роҳи нишебу фарози умр,
Ором рав, ки роҳи туро шеър мекунам.


Субҳ бо шеъри тарам оғоз шуд,
Сафҳае аз дафтарам оғоз шуд.

Субҳ соф асту сафеду тозарӯ,
Бо хаёли модарам оғоз шуд.

Боз як зарханда андар тори кӯҳ
З-офтоби ховарам оғоз шуд.

Дар нигоҳи ёди ман аз дурҳо
Хандаҳои хоҳарам оғоз шуд.

Аз барои дидани рӯйи Шумо
Субҳ бо сад боварам оғоз шуд.

Ҷони ҷонам, Тоҷикистонам, дуруд,
Субҳи ту - шеъри тарам оғоз шуд.


Ба домони Душанбе ҳам Бухоро гӯяму гирям,
Ҳамин як зарра хокамро ду дунё гӯяму гирям.

Ту мегӯиву меболӣ, ки Искандар тавоно буд,
Вале аз нотавониҳои Доро гӯяму гирям.

пешина
аз 39
навбатӣ