Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Падар дар бистари беморӣ афтодаст якумрӣ,
Табиби ҳозиқе чун нест, Сино гӯяму гирям.

Шаб омад, ахтарон сарҷамъ меболанд дар гардун,
Тани танҳо ман аз танҳо ба танҳо гӯяму гирям.

Ҷавонӣ меравад аз он, ки пирӣ интизорам ҳаст,
Ба пирӣ мерасам, ё не, нишин, то гӯяму гирям.

Ҳақиқатҳои талхи рӯзгорамро бипурс аз гунг,
Ки ояд бар забону гӯядат, ё гӯяму гирям...


Ҷилваҳои моҳтобӣ доштӣ,
Хандаҳои офтобӣ доштӣ.

Дур аз андешаи ранги фалак
Чашмҳои нилобӣ доштӣ.

Рӯзҳо чун сафҳаҳо буданд пок,
Дӯстиҳои китобӣ доштӣ.

Ман куҷо мерафтам аз дунёи ту,
То камоли зудёбӣ доштӣ.

Такя мекардӣ ба девори дилам,
То даме рӯ бар харобӣ доштӣ.

Доштӣ ёде ҳам аз шабҳои васл
Ишқро вақте ҳисобӣ доштӣ.
Дили ойинабанд


Аз чӣ дар зиндагониям мондам?

  • Аз туву аз ҷавониям мондам!

Аз гулафшонию дилафшонӣ,
Аз сару ҷонфишониям мондам.

Мурғи илҳом мавсимӣ будаст,
Аз ҳама шеърхониям мондам.

Чашми ту мезанад ба ман писханд,
Баски аз роздониям мондам!

Аз ҷафокорият намемонӣ,
То ки аз меҳрубониям мондам.

Мондам аз ду ҷаҳон замоне ки
Аз дили ормониям мондам.


Дар гулӯи зиндагонӣ дасти марг,
Дар гиребони ҷавонӣ дасти марг.

Метаконад пайкари пурдардро
Аз барои ҷонситонӣ дасти марг,

К-аз хатои як хитоӣ, оқибат
Зӯр шуд, зӯри ҷаҳонӣ дасти марг.

Бӯсаву оғӯш дар хобу хаёл,
То наафтад ёри ҷонӣ дасти марг.

пешина
аз 39
навбатӣ