Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
Шаби бедории ман хоб кардӣ,
Маро ҳамсуҳбати маҳтоб кардӣ.
Надонистам қиёмат карданатро,
Дили пуроташамро об кардӣ.
Агар чун офтоби Шарқ гардӣ
В-агар чун маҳ ва ё чун барқ гардӣ,
Намон по бар лаби дарёи ин дил,
Ки метарсам, мабодо, ғарқ гардӣ.
Агар ишқи ту чун ишқи Зулайхост,
Ба сад пирӣ туро уммеди фардост.
Чу Юсуф ман туро хоҳам саранҷом,
Ки дар ин ишқ ишқи поки Яктост!
Туро то он даме ёрат наронад,
Ки аз ин хат хатоятро нахонад.
Машав аз ман хавотир то ҳамеша,
Ки танҳоӣ маро танҳо намонад!
Зи фахри асли худ сар бар само бош,
Дуо гӯям, сазовори дуо бош.
Аё ҷони падар, ҳамчун Шакурӣ
Замони хешро Садри Зиё бош!
Шаб асту суҳбатам бо моҳтоб аст,
Ба сад пурсиш зи нураш як ҷавоб аст.
Ту ойӣ субҳу бегоҳӣ равӣ боз,
Магар ҳамсояи ту офтоб аст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё