Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд


Зи чашмонам чу рӯзи хуш ниҳонӣ,
Шаби зулматсириштамро надонӣ.
Барои диданат як умр гирям,
Биё чун ашк боре ногаҳонӣ.


Бикардӣ ҷабр бисёру вафо не,
Бидодӣ дард бисёру даво не.
Зи дунё як туро мехоҳаму бас,
Зи ман дунё бихоҳиву маро не.


Зи ишқам бехабар рафту наомад,
Ба мисли раҳгузар рафту номад.
"Хатар дорад ҷудоӣ", - шоире гуфт,
Ба он роҳи хатар рафту наомад...


Ватан чун домани модар азиз аст,
Ватан монанди бому дар азиз аст.
Макун санги Ватанро пешпоӣ,
Ки чун болин ба зери сар азиз аст.


Маро ҳам ёри хубе як замон буд,
Азизам чун замину осмон буд.
Ҷаҳон аз ман ҷудояш кард охир,
Барои ман, ки беҳтар аз ҷаҳон буд.


Бигӯ, модар, каме аз кӯдакиҳом,
Ки мехоҳам даме аз кӯдакиҳом.
Манам имрӯз саргардони олам,
Ки гум шуд оламе аз кӯдакиҳом.
Бузургмеҳри Тоҷиддин


Кунад одам ба одам носипосӣ,
Биҷӯяд то абад аз ҳам халосӣ,
Ки аз рӯзи нахустин илми дунё
Нашуд оғоз бо Одамшиносӣ.


Дилам дар роҳи ишқат хаста гардад,
Агар бо дарду ғам вобаста гардад.
Барои дидани ман чашм бикшо,
Ки чашми душмани ман баста гардад.


Бувад ин сӯву он сӯйи Ватан санг,
Маро гаштаст аз ин рӯ ҷону тан санг.
Гар аз ман пештар асло набудӣ,
Зи номардӣ ба пушти ман мазан санг!


Хазон ҳам дошт қадре пеши ёрон
Ба рӯйи зарди худ чун дӯстдорон.
Зимистон меравад бебарф, аммо
Наояд бе гулу сабза баҳорон!


Бигӯ, то кай замин ҳасту замон ҳаст?
Бигӯ, то кай ҳамин ҳасту ҳамон ҳаст?
Ироқу Сурия оромгаҳ шуд,
Бигӯ, то кай камин ҳасту камон ҳаст?!


Ҷавон будам агар, баҳри ту будам,
Ҷаҳон будам агар, баҳри ту будам.
Ҳаминам ман, ки баргаштиву дидӣ,
Ҳамон будам агар, баҳри ту будам.


Хазон рӯйи раҳам резад, ки марг аст,

пешина
аз 39
навбатӣ