Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
Шаби ман бо шаби ту рӯз дорад,
Лаби ман бо лаби ту сӯз дорад.
Баҳор имсол рӯйи домани туст,
Ки бо ойини нав Наврӯз дорад.
Куҷо рафтӣ, ки аз ёдам нарафтӣ,
Зи дил бо доду фарёдам нарафтӣ.
Шаби маргам зи ҳасратҳои ёрон
Чу рӯзи неки мелодам нарафтӣ.
Дареғо, ки набудам ҳамдами худ,
Накардам зиндагӣ дар олами худ.
Ба ғамҳои ту умрам гашт охир,
Фақат мондаст мурдан бо ғами худ.
Маро ғам додаву шодӣ талаб кард,
Ғуломӣ доду озодӣ талаб кард.
Қалам бишкасту дафтар сӯхт, аммо
Барори кори эҷодӣ талаб кард.
Аз ин ҷо рафтани худро набахшӣ,
Ба сад по рафтани худро набахшӣ.
Чунон аз бозгаштан мекунӣ шарм,
Ки асло рафтани худро набахшӣ.
Яке мирад зи дарду дигар аз ғам,
Падар мирад зи дарду модар аз ғам.
Бародарро вабо андар сафар кушт,
Даруни хона мирад хоҳар аз ғам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё