Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

Барои духтари шингӣ ҳама шеъру сурудам бод,
Ки аз шамшодзори деҳа бинам қадди болояш.

Ҳадиси чор уқёнус пеши Ҳафткӯлам ҳеҷ,
Ки Шинг аз Ҳафткӯли худ гирифта ҳусни яктояш.

Саҳар хуршед аз кӯҳи Туро сар мекунад боло,
Ки арзон баҳри мо бахшад табассумҳои тиллояш.

Барои мову ту дунё шавад оғоз аз ин ҷо,
Ки Шинг аз чашмҳо дур асту донад боз дунёяш.

Ҳама фарзандҳои неки ӯ аз дур боз оянд,
Ҷаҳонгашта, ҷаҳондида, намемонанд танҳояш.


Кош, шеъри ман чу ту зебо шавад,
Ҳамчу як ҳарфи ту пурмаъно шавад.

Кош, шеъри ман шавад вирди забон,
Ҳамчу ҳуснат зеби ин дунё шавад.

Кош, шеъри ман равону тозарӯ,
Чун дили ту нусхаи дарё шавад.

Кош, шеъри ман ба мисли қоматат
Дар нигоҳи аҳли дил боло шавад.

Кош, шеъри ман шавад ширин чу ту,
Дар дили Фарҳоду Хусрав ҷо шавад.

Кош, шеъри ман чу номам ногаҳон
Дар лабони ғунчаат пайдо шавад.

пешина
аз 39
навбатӣ