Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
Аз нафасгирист ҳатто тарсу бим,
Ин қадар орад гаронӣ дасти марг.
Тирамоҳи умри дунё шуд магар?
Дар гулӯи зиндагонӣ дасти марг...
2 Пурхатар бому дар аз Деворкӯҳ, Сел меояд гар аз Деворкӯҳ.
Лек баски зодгаҳ бошад азиз,
Кас намегирад сар аз Деворкӯҳ.
То натарсад кӯдакаш, сӯе нарафт
Як нигоҳи модар аз Деворкӯҳ.
Аз Худо бошад умедеву тамом,
Нест дигар бовар аз Деворкӯҳ.
Ё шинонӣ сад ҳазорон аз дарахт,
Ё гурезӣ дигар аз Деворкӯҳ.
Ҳамдиёро, худ, ки кардӣ решакан
Охирин нахли тар аз Деворкӯҳ.
УШШОҚИ ШИНГ
Фидои чор фасли беназири ҷаннатосояш,
Адои фасли сабзу зарду гарму сарди зебояш.
Шикоят мекунад аз пирияш чун Рӯдакӣ, аммо
Ҷавонтар меравад бо шеъри ӯ то дур дарёяш.
2
Деворкӯҳ, ё кӯҳи Девор дар зодгоҳи муаллиф аст, ки ҳар баҳор дар
натиҷаи боронҳои пай дар пай аз он сел меояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё