Ишқи сархӯр

Лекин кадом яки онҳоро ҷазо медиҳанд, бисёранд, беҳисобанд.
Дар як дараи бағали кӯҳ, ки кас ҳатто дар рӯз он ҷо роҳгум
1
мезанад, сар то охираш пур аз ғору ғаппа27F, чуқурию обканда,
пайроҳаҳои гургу шағолу хирсгузар, ваҳмовар, овознорас, дар
дили шаб аз як гӯшаи дур равшание ба назар мехӯрд, бисёр
нокироӣ, ба андозаи плиски сӯзан. Думи онро мегирему меравем ва ба ҳамон боғе мерасем, ки қариби бегоҳирӯзӣ дида
будем, боғи бобои Ӯзбакхоҷа. Равшанӣ аз кулбаи ӯ, дар дами
дар лампаи карасинӣ, ки пилтааш сӯхта-сӯхта қарибе хомӯш
гаштааст. Дар даруни кулба ҳама хоб, гап зада-гап зада надониста монданд, ки чӣ тавр хобашон бурд, фих-фих хоб мекашиданд. Ба ҷуз модари зор, ҳама хобу вай бедор, ҳушу
хаёлаш ба ҷигарбанд. Байту ғазалҳое он занак – Гулрез ба
гӯшаш хонд, ки вай дарун ба дарун сӯхт, обу адо гашт. Вале
тағо ӯро дурӯғгӯву туҳматчӣ мехонад. Гулрез гуфт, ки Исфандиёру модараш одамони бад, тилловориҳои Лутфияро таги ҷо задаанду хайрият милисаҳо инҳоро ёфтаанд. Тағо
мегӯяд, дурӯғи маҳз. Кампири Санам аз дилсӯзӣ ин корро
карда, ки аз даст нараванд. Ҳатто тилловориҳоро ба дасти
тағо ҳам дода будааст. Дузд магар ҳамин хел мешавад? Дили
Меҳринисо, ки ҳама бархезанду боз ба хонаи кампир бираванд. Шояд Исфандиёру Лутфия баргаштаанд ё аз кампири
модари ҷавон хабаре. Вале тағоҷон қатъиян мухолиф, ин
рафтори онҳо баробари худ ба дасти худ ишкел андохтан буда, аз ин ҳол дили Гулрез боғ-боғ кушода мегаштааст. Ба шунидани суханони тағо ва савганд рӯи савганд хӯрданҳои ӯ
тоқаташ намонд, интизор, ки зудтар субҳ дамад, олам равшанӣ ёбад, то онҳо ба роҳ бароянд. Берун аз кулба шуд. Гирду атроф дар шаб чӣ қадар ором, ҳаво атромез, садои шилдирроси аз баландӣ шоридани об форам. Бӯи гулу гиёҳу
баргҳои токи ангурҳои тоифию ҳусайнӣ, осмон пурситора,
- Буттахо Вай интизори тулӯи ситораи саҳар ва интизори ситораи худаш, то дида ба дидори ӯ бирасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё