Ишқи сархӯр

Ба Гулрез, ҳамроҳони ӯ Худо дода.
Ҳама дар ҷустуҷӯи муллои шоҳмансурӣ ва набераи ӯ.
Фирӯзро дастгир намуданд, ҷои боборо мепурсиданд, сиёсат мешунид, дастонашро тоб доданд, чанд шаппотӣ хӯрд, пешандозаш карданд, «ба милисахона мебарем», гуфтанд. Аммо Фирӯз ба гапи онҳо намедаромад. Ҷонашу бобо, ба ақидаи бобо «вай ҷондастгири бобо!» мегурезад, боборо ҳам мегурезонад, хабар медиҳад. Пайт мепоид, ҳушу хаёлаш беҷо.
Лаҳзае имкон ёфт. Чӣ гапе байни милисаҳо ва Гулрез сар зад, ки хархаша хест, овозҳо баланд, доду фарёд. Фирӯз гӯё аз ёдашон баромад. Аз вай дуртар рафтанд, Фирӯз аз ҷой хест, аз сари девор худро ба беруни ҳавлӣ андохт, дидандаш, дар даводав шуданд. Милисаҳо аз паси Фирӯз медавиданд, Гулрез, албатта, давида наметавонист, вале ӯ ҳам бо милисаҳо ҳамроҳ, ба ҳар сеи бачаҳои ҳамроҳаш фармуд, аз паси Фирӯз даванд. Фирӯз чақонаку паронак. Тирвор мегурехт, хона ба хона шуд. Доштанаш душвор, аз пасаш аз як ҳавлӣ ба ҳавлии дигар медаромаданд, чапраҳа меандохт, аз наздаш гузашта мерафтанд. Тор-тори бому деворҳо, тор-тори дарахтон аз деҳа баромад, торикӣ меомад, одам одамро намешинохт.
Каҷроҳаҳое, ки Фирӯз медониста, дигарон, ҳатто, бачаҳои Гулрез намедонистанд. Ақиб мемонданд, дарун-даруни чуқурию обкандаҳо медавид Фирӯз, аз пастию баландиҳо гузашта пешпо мехӯрд, меафтод, мехест. Хастаю монда шуд, то лаби дарё боз хело роҳ. Аз даруни қамишзорон бо азобе роҳ ёфт. Роҳи ҳамвортаре, нафас рост кард. Боз чӣ балое, дар пеш саги бисёр, ҳамаашон болои лошае афтода, ба сари ҳамдигар дар уроур. Сагҳои дигар дуртар, онҳоро ба лоша наздик шудан намегузоштанд. Аз назди сагҳо гузашта намешуд, ба ӯ дармеафтанд. Ақиб гашта ҳам наметавонист, ба даст меафтад, як роҳи дигар дар рӯ ба рӯ. Анҳори пуроб, ба назар чунин менамояд, ки обаш намеҷунбад, ором, оби лаҳм. Лекин шунидааст, ки бисёр чуқуру бетаг, одамро мекашидааст. Калонсолон ба бачаҳо насиҳат мекунанд, ки беҳтараш дар дарё оббозӣ кунанду ба анҳор надароянд, оби дарё бехавфтар. Назараш ба дарахтони бед шуд. Онҳо беҳисоб, ваҷаб ба ваҷаб лаб-лаби анҳор қатор. Дар дилаш шуълаи умед дурахшид. Ними танаш даруни об шавад ҳам, бо дастонаш навдаҳои бедҳоро доштадошта аз сагҳо поён мешавад, баъд дарё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё