Ишқи сархӯр

Маликии муаллим падараш барин одам буд, «фарзандам»
мегуфт ӯро, аммо Хидиралӣ Маликиро бо туҳмат кушонд.
Шумо намедонед, ҳикояташ дароз аст, хонаҳои хешашон Ҳоҷисаидро алов зад, ба зану духтарони мардум чашми бад дорад. Илтиҷо дорам, баъде ки мана мекушед, ҳамаи инро аз мардум пурсед. Пурсед, ки Хидиралӣ чӣ гуна одам? Ба шумо мегӯянд. Ҳамин хоҳиши маро аз ёд набароред, албатта, пурсед. Вай душмани бадгир, бадкин. Худо аз ин қабил душманон паноҳ диҳад.
– Бас, бас! Сафсатагӯӣ бас! Медонӣ, дар куҷоӣ? Ҷои марг аст ин ҷо, Дараи Марг, нигоҳ кун, бин, – назари ӯ қад-қади дара болою поён давид: дарахтзор, хорзор, об ҷорист аз баландиҳо, аз таҳи сангҳо, даруни об ҷасадҳо, баъзеи онҳо зери қум, ба болояшон сангрезаҳо партофтаанд, вале ҷасади мурдаҳо панаҳ нагашта, пойҳо ё сару рӯйҳо намоён. Ду-се қадам поёнтар аз ӯ ҷасади як зан, як духтар. Лаби курта, лаби рӯймолчаҳо ба сари хор дармонда, рӯймолчаи тагаш сабзи гулдор. Онро дар сари муаллима Малика дида буд. Ҳа, рост, дурӯғ не, ҳамин рӯймолчаро дар сари ӯ дида буд. Ана, ба куҷо овардаанд ӯро. Мардум ҷасади Малика мекофтанд.
Чунин ҳолатҳо рӯй додаанд. Азизон нишони ҷигарбандҳоро, ки кадом як гурӯҳҳо бурдаанд, намеёбанд. Солҳои сол меҷӯянд, кӯҳ ба кӯҳу дара ба дара мегарданд, «бачамой, баламой!» мегӯянд модарон, пурсуҷӯ мекунанд, пай мегиранд, ба рӯзномаҳо суратҳояшонро додаанд, фолбинҳои номӣ кофтаанд. Ба гуфтае, дар ҷустуҷӯи ҷигарбанд асоҳо сӯзан, чоруқҳо ғалбер гашта. Лек шояд ин фарзандҳо ҳам ба мисли Мустафо ба кадом як дара, калфҳои санг, ғорҳо оварда шудаю ҷасадашон даруни обканда, чуқурӣ ё таги сангу хоку кулӯх хобида, бекафан, беҷаноза, тӯъмаи зоғу заған, ҳазор гуна ҷонзоду ҳашарот шудаанд, лек чашмҳо ба роҳи онҳо, дилҳо ба умеди дидор метапанду месӯзанд.
Аз лаҳзае, ки силоҳбадастони Барзу дастгираш карданду пешандозашон шуд, ҳамин хаёлҳо дар сараш: агар кушандаш, коре шавад, ки мурдаашро ёбанд. Бо ҳамин фикр, вақте бо чашмони баста аз кӯчаҳои деҳаи таги кӯҳ, пешандоз, калтаккӯбаш карда, ба ин ҷо, ба Дараи Марг меоварданд, чанд бор бо оҳу нола наъра зада гуфт, ки «Ман Мустафо ҳастам, Мустафои писари Абдусалими лолазорӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё