Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худо аз он рӯз паноҳ диҳад, ба сари бобои Назар як балою батар ояд, бимирад, гӯрию кафаниаш ҳам ҳамин гов. Аммо ин бебахтиро бинед, ки камбағалро аз болои шутур саг газида. Ӯ аз гову гӯсолааш мемондагӣ барин. Зану кӯдакони беақлаш мегӯянд, ки ба хона равад, бароҳат бихобад. На, гову гӯсоларо партофта намеравад, кӯҳ пури гургу хирс, ҳазор хел ҷондор.
Бобои Назар дар кӯҳ тоқаю танҳо монд. Рост мегуфтаанд, кӯҳ воҳима доштааст. Аз ҳар тараф садоҳо ба гӯшаш меомаданд, санг меғелид, тарақо-туруқ. Як қадам аз вай дуртар дарахту буттаҳои беҳисоб, аз он ҷо хишир-хишир, уллоси гург ба гӯш меомад, як санги калон ба назараш хирс барин тофт.
Ӯро воҳима гирифт, боборо ягон гургу саг нахӯрад, ки олам пури гап шавад, хабаре, ки бобои Назара дар кӯҳ гург хӯрдааст. Дар ҷояш дигар истода натавонист, тарс балои ҷон, ба ақидаи худаш, мурдаашро ба ҷониби хонааш кашид. Вале дар хонааш канӣ хоб? Моргазидаро хоб мебараду молгумкардаро не. Чашм пӯшида натавонист. Ҳушу хаёлашу гову гӯсола.
Чанд бор аз хона берун баромад. Осмон ситоразор, аммо ситораи рӯз гум. Субҳ медамиду ба хаёли бобои Назар рӯз равшан намешуд. Гӯш ба овози азон шуд, гӯё он рӯз муаззини масҷидро хоб бурда. Маҳтали азон нашуда бобо «Войи гову гӯсолаам», гуфту сӯи масҷид давид. Муллоимом ҳам дар назари бобо одами бад, дар намоз сураҳои дарозро мехонд.
Тоқаташ намонд, намозашро буронда аз дари масҷид баромад. Ба вай гову гӯсолааш азиз.
Мӯйсафед бо асои дарози пешаш белчадори дасташ такя дода-такя дода, кӯҳ мебаромад. Ҳавойи субҳгоҳӣ тоза, форам, осмон софу беғубор, каб-кабуд, ягон-ягон ситораҳо болои сар дурахшон, олам зебо, аммо хаёли бобои Назар ба гову гӯсола.
Ба таги кӯҳ расид ва саросема тарафи говаш, ба қуллаи кӯҳ рӯ овард. Канӣ гов? Куҷо шуд? Ба чашмаш намеғалтид, гов дар ҷояш набуд. Дар пойҳояш мадор намонд, бемадорона такя ба асо дода нишаст. Аламаш омад, гирист. Баъд аз ҷой бархост.
«Ҳеш-ҳеш», овоз баланд кард. Аммо аз куҷо садое? Гов набуд, набуд, ки набуд. Гапзании зану фарзандон ба гӯшаш омад, онҳо меомаданд.

пешина
аз 234
навбатӣ