Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯро фақат як орзу, орзуи гӯсола, ки онро мегирад ва ба модараш мегӯяд: «Ана, ман гӯсола овардам, аз они худам, гӯсолаҳакам». Орзуҳо ба инсон неру медиҳанд. Гову гӯсоларо чӣ тавр поён фарорад? Ба танаи кӯҳ паранда пар андохта наметавонад. Хайрият, кораш андак осон шуд, гову гӯсола роҳашонро медонистаанд, каҷмакаҷу сарнишеб, бисёр пурхатар, вале Сархӯр аз паси гов по пеш мемонд. Ҷое мешуд, ки аз ҳарос чашм пӯшида, худро болои гов мепартофт. Гӯсола ақиб, ки мемонд, гов меистод, баос мезад, садо медод, гӯсола пайдо мегашт. Ба ҳамин минвол, Сархӯр гову гӯсоларо аз қуллаи кӯҳ поён фаровард. Бандро аз миёнаш кушода, ба гардани гӯсола баст. Ҳамин тавр, баҳри гӯсола ҷон коҳонду ҷон. Вале ҳоло бобои Назар онро бо Гулзира иваз карданӣ. Як нӯки банд дар дасташ, кашмакаш. Сархӯр пухтагӣ карда, ними бандро дар миён чанд печ печонда, дар банди дасту пойҳояш ҳам бандро гиреҳ андохтааст. Бобо бандро мекашид, вай аз по афтода рӯ-рӯи сангу шохаҳо кашола шуд. Либосҳояш дарида, пора-пора гаштанд, баданаш хуншор, аз биниаш хун омад. Лекин вай ба ҳеҷ ваҷҳ гӯсоларо доданӣ не, ҷонашу гӯсола. Бобои Назар зӯр зада, гӯсоларо гирифтанӣ, аммо наметавонист, писарак ба бобо зӯр оварда.
Пирамард охири охир хастаю монда, беҳолу бемадор як нӯки банд дар даст уффосзанон рӯи санге нишаст, ҳалқаш қоқ шуда буд. «Об» – гуфт, бандро раҳо карда, косаи обро ба сар кашид. Ба дили Сархӯр шуда. Чолокона аз ҷой бархоста гӯсоларо рӯ ба нишебии кӯтал кашид, давид, гӯсола ҳам аз пасаш.
То бобо косаро ба ҷояш гузошт, ки гӯсолаю Сархӯр дар наздикиҳо наметофтанд. «Ҳалол, гӯсола ҳалоли Сархӯр!»
одамон чапак заданд.
Сархӯр сари як дав ба хонаашон расид. Дарвозаро шараққосзанон кушод. Имрӯз ӯ аз дар гӯсола дароварда. Сару рӯяш хуншору либосҳои дарида, базӯр ба по меистад, аммо дастовезаш андак не.
– Гӯсола овардам, оча, ана бин, аз они худамон, – Сархӯр беҳолу бемадор худро ба оғӯши модар андохт. Очаю бача гӯсоларо ба дил ширин карда, хаёл доштанд соҳиби гов ҳам мешаванд. Вале дар ҳамин дам диданд, ки касе асо дар даст болои сарашон рост истода.

пешина
аз 234
навбатӣ