Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо оча, бахти маро сиёҳ кардед, – Лутфия берӯю риё бо модар гуфтугӯ кардан мехост. – Шумо маро аз дунё дилхунук кардед.
– Ман ба ту душман нестам, зиндагии ту дар пеш, дар дунё фақат як Фахрӣ нест. Агар бачам, рости гапро гӯям, – модар ба насиҳат сар кард. – агар рости гапро гӯям, пеш аз падари ту бо як ҷавони дигар дилдода будам. Мағзи нон барин дӯсташ медоштам, набинам дилам гум мезад, бехуд мешудаму сӯяш медавидам, мекофтам, мисли тую Фахрӣ бо ҳам вомехӯрдем ва аз дидори ҳамдигар сер намешудем, даст дар гардани ҳамдигар, бисёр номаъқулиҳо ҳам мекардем, аз шумоҳо бадтар будем, гапамон баромада буд, қасаму нома хӯрдем, ки ҳамхона мешавем, ҳамин хел аҳду паймон, буру дӯз кардем. Ана, ҳамин қадар бо ҳам дилбаста будему лекин модарам нахостанд. «Розӣ нестам, дуои бад мекунам», – гуфтанд, тарсидам, ҳурматашон дар дилам зиёд буд. Баъд худашон ба дили худашон маро ба бачаи Зардорхон ба шавҳар доданд, бахту рӯзи нек хостанд. Бачаи Зардорхон ҳамин падари худат. Рӯзу рӯшноӣ дидам, дӯсташ доштам, ки ана, худат мебинӣ, шоҳид ҳастӣ, – модар лаҳзае ба фикр рафта афзуд: «Ин дӯстдории шумоён ҳам як боди даргузар. Ба Фахрӣ бовар накун, ҳайф мешавӣ».
– Мо қасам хӯрдем.
– Шунида будам.
– Шунидед?
– Ҳа, дина шаб.
– Мо бо ҳам мемирем, баъд мебинед, баъд месӯзед.
– Ин хел нагӯй, беақлӣ накун, раҳми очата, раҳми падарата хӯр, ки касалманд шудааст, бардошти ғам надорад. Медонӣ, агар як соат туро набинад, девона мешавад, дар ҷояш меафтад.
Ин гуфтугӯи байни модару духтар як шаб пеш буд. Имшаб авзои Лутфия тамоман беҷо, хобаш набурда, рӯ-рӯи хона мегашт, сандуқи либосҳояшро кушода, куртаю камзулчаҳои зарбофташро бароварда, ба қадаш чен карда, таҳ карда боз ба ҷояшон мегузошт, гӯшвораҳо, ангуштарин ва марҷони модар туҳфа кардаро ҳам ба даст гирифту монд.

пешина
аз 234
навбатӣ