Ишқи сархӯр

Ба хаёли Санам бо шунидани ҳарфи «дадам зан гирифт», гӯри модар ларзид, чаппаю роста шуд, алов баромад аз гӯр.
– Киро гирифт? – овози модар меларзид.
– Гулреза.
– Хонасӯхта, – ҳамин ҳарфи ба падараш дахлдорро Санам аз забони модар шуниду ӯ дигар ба сухан наомад. Гӯё лаҳзае ҷон ба баданаш омада буду аз танаш рафт, боз хоки замин гашт, ба мурдаҳои садсола баробар. Гӯристон монду гӯри модар ва Санами танҳои зору шаби тор. Ба «оча, очаҷон!» – гӯиҳояш ҷавобе не. Духтарак сӯхт, гирист, боз нола, нолаи ҷигарсӯз. Овозаш ба гӯши ҳамонҳое расид, ки хонаҳояшон наздики гӯристон буданд. Одамон омаданд ва яке ӯро ба бағал гирифту ба хонаашон бурданд. Вале дарвозаашон руст, ҳарчанд садо карданд: «Давлатмурод! Давлатмурод!!» фарёд заданд, аз ҳавлӣ нидое намеомад. Албатта, «дада, дадаҷон!» – гӯиҳои Санам ва гиряҳояш ба гӯши падар мерасид, лекин Гулрез ӯро савганд дода, ки дигар «Санамро духтарам», нагӯяд. Мардум ноумед ба хонаҳояшон баргаштанд. Кампири Солеҳамоҳ Санамро ба хонааш бурд. Аммо Санам бо ӯ хобида натавониста, дар дили шаб аз бараш оҳиста бархоста, боз ба паси дарвозаашон омад.
Саҳар шуд, офтоб рух намуд. Санам, ки дар паси дарвозаашон хоб буд, бо кушода шудани як табақаи он бедор шуд.
Чашм кушод, падараш дасти Моҳрӯю Маҳинаро гирифта, аз дарвоза мебаромад. Рӯҳу ҷонаш тоза шуд, ба хаёлаш рӯ ба рӯяш офтоб метофт. Аз шаб боз дар паси дарвоза «дада, дадаҷон!» гуфта овозаш гирифта. Хайрият, ҷондастгираш падар пайдо шуда. «Дада, дадаҷон, очаҷон канӣ? Канӣ очаҷон?» бо дилу ҷигари бирён банди пойҳои падарро оғӯш намуд, дидагони пуробашро ба либосҳои ӯ молид. Дили кӯдак пуралам.
– Дидӣ-ку очаҷонат мурд, – падар бо дуруштӣ гуфт: – Вайро гӯристон бурдем, гӯр кардем, ту дигар оча надорӣ, ту дигар хона надаро, хонаи холаат рав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё