Ишқи сархӯр

Санамро таги чашм карда будаанд. Вайро бо Маҳрам ҳамроҳ намуданд. Ҳар саҳар подабонҳо асоҳои дароз-дароз дар даст аз хона мебаромаданд. Бо Маҳрам будан ба Санам хуш омад. Аз ҳамон рӯзҳои аввали ба хонаи хола омадан дар ин ҷо барояш як ҳамроҳу ҳамроз ёфта буд. Духтарони холааш Райҳонаю Робия ҳамеша дум-думи падару модар, аз дарвоза баромада, лаби чашмаи таги чинорҳо мерафтанд, дар боғ таг-таги себҳо давида себ мечиданд, дар хона ҷояшон рӯи кати миёни ҳавлӣ, ҳамроҳи волидайн, ҷойхобашон ҳам якҷоя. Маҳраму Санам ҳамеша аз онҳо дур. Ҷойи хобашон наздики ҳезумхона, кулбачае, ки равшаноӣ намедаромад, бедару тиреза. Ҳолашон аз паси бузу бузғола, гову гӯсфандон давидан. Хастаю монда мешуданд, вале хобашон намебурд, бо ҳам гап мезаданду гап мезаданд. Сангчабозӣ мекарданд, сангчаҳояшон дар халта. Даҳони халтаро мекушоданд, Санам ба сангчаю кулӯхакҳо ном монда буд. Як сангча модарандар Гулрез, кулӯхакҳои ба ақидаи худаш, каҷу килеб Маҳинаю Моҳрӯ. Ба Гулрезу Маҳина ва Моҳрӯ нафрат дошт, онҳоро дуои бад мекард, ки хонаи модарашро соҳиб шудаанд. Баъд сангчаҳоро қатор чида, ба гӯристон роҳ месохт, дар гӯристон чанд сангчаи рӯиҳам чидааш мадфани модар. Як сангчаи зебо модараш, соатҳо бо модар ҳамсуҳбат мешуд. Ба ӯ мегуфт, ки он рӯз чӣ корҳо кардааст, об овардааст, хона ва рӯи ҳавлию беруни дарвозаро об зада рӯфтааст, аз холааш гапи хайру меҳрубонӣ нашунидааст, ба хаёли худаш, ба модар хабар мекашид, ки вайро кӣ задаасту кӣ гапи ганда гуфта таҳқираш намудааст. Дар ҷавоб модар духтаракашро тасаллӣ медод, ки дилшикаста нашавад, ҳаргиз гиря накунад, агар гиряд, роҳи модарро мебастааст, модар ҳамеша ҳамроҳи Санам будааст.
Як санги калонтари дағарбуғури сиёҳчатоб падар. Духтар бо вай гап намезад.
Аз шаб то саҳар ҷангу ҷанҷол, хархашаи байни Гулрезу
Давлатмурод анҷом намегирифт. Сабабаш гову молҳо. Бегоҳ раиси маҳалла бобои Абдураҳим шавҳари Гулрезро ҷеғ зада аз хона баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё