Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Баъд бо силтав каштали ҷомаашро аз дасти Гулрез халос карда, бо ғазаб ӯро тела дод, боз дилаш хунук нашуда, ба сараш чанд мушт зад ва баъд аз миёни одамон гузашта аз дарвоза баромад. Санам дасти шавҳар гирифт, дасти ба даст аз хонаи падар дур шуданд.
Фиғони Гулрез дар хона баланд ва боз қасам рӯи қасам мехӯрд, ки то рӯзи Санаму сағераи Маҳрамро сиёҳ накунад, намемонад. Одамон бовар доштанд, ки Гулрез ҳар кор карда метавонад. Гап-гап буда, ки ба модари Санам ҳам ӯ илм хӯронда, вайро кушта шавҳарашро гирифтааст.


Селоб аз як деҳа поён фаромада шасташ гашт. Паҳноб хеле домон паҳн карда. Дарахти чинор ба тарафи соҳил ғел хӯрд, зарба, боз зарба ба дарахт, ваҷаб ба ваҷаб аз ҷӯшу хурӯши селоб берунтар мемонд. Гӯё лаҳзаҳои аз дами бало раҳидани Сархӯр. Мушоҳида менамуд, медид, ки чинор чи дарахти азиме, кундааш чор-панҷ метр дароз ва чунон ғафс, ки арғамчин ба гирдаш намерасад, намепечад, решааш хона барин, навдаҳои беҳисоби чинор сар ба осмон. Ана, ҳамин хел дарахти бузургро сел чӣ тавр ғелонда-ғелонда бозӣ медоронд.
Ҳоло он андаке аз селоб берун мондааст, як қадам ё қадаме бештар. Онсӯтар селоб боз дар ҳамон шасту бозӣ, ҳамон ғулғула, тарақотуруқ. Овозаш чунон гӯшхарошу ваҳмовар, ки кас талхакаф мешавад. Дарахт ҳанӯз дар ҳалқаи об, морвор гирдаш селоб ҳалқа мезад, ба комаш кашиданӣ мешуд, аммо наметавонист, дарахт намеҷунбид. Ҷони Сархӯр боз дар хатар. Ҳаво тира, туман, борон меборид, жола меомад, донаҳои жола калон-калон, ба сару рӯи Сархӯр мехӯрданд. Пеши чашмонашро пӯшонда наметавонист, дастонаш банд, дар навдаи чинор, меҳаросид, ки боз ба ҷӯши селоб наравад. Ӯ як зарра, ғуборе. Пагоҳӣ вақте бо Лутфия пасопеш аз хона баромаданд, телпак пӯшида буд. Ку телпак? Намедонад, сараш урён, хайрият мӯи сараш баланд. Ба нею «намепӯшам», гуфтанаш намонда, модар борониашро ба ӯ пӯшонд. Баъди ба сараш боридани ин қадар борону жола, дар даруни обу лой афтодану хестанҳо барояш на либос мондаю на ҷону мадор, сар то қадам тар, шип-шилта, баданаш, даступо ҳама ях, шах шуда.

пешина
аз 234
навбатӣ