Ишқи сархӯр

шунаванд.
Аммо аз зихнагию мурдагии амаки Асадуллою завҷааш ин хел рӯзро надиданд.
Аз рӯзе Санаму Маҳрам рӯи ақл омаданд, гову мол диданд, хизматгори дари хонаи амаки Асадуллою холаи Санам. Либосҳои наву тоза ва озода ба бар карданашонро ёд надоранд, чӣ хӯрданду чӣ нахӯрданд дар хонаи онҳо аз ишкам наменоланд. Лекин аз як чӣ хурсанд буданд. Ин хурсандиро аз тифлӣ то ба рӯзе ки никоҳ шуданд, ба дунё, ҳазорҳо хазинаи симу зар, тангаю тилло намедиҳанд. Ин хурсандиашонро Санаму Маҳрам дар як умр бо ҳам буданашон медонанд. Аз хурдӣ дар хоначаи назди ҳезумхона ҳамроҳ мехуфтанд, гову мол бонӣ мекарданд, оғил мерӯфтанд, пору мепартофтанд, онҳоро мактаб рафтан ҳам намонданд, намедонистанд, ки шаҳодатномаи таваллуд доранд ё надоранд. Аз рӯи гапи амаки Асадулло номашон дар ҳеҷ гуна хату чак мавҷуд набудааст. Ва касе ҳам намепурсид, ки Санаму Маҳрам кӣ ҳастанд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, онҳо ғуломбачаҳои дари хонаи амаки Асадулло. Калон шуданд, ба камол расиданду онҳо ҳанӯз ҳамон ғуломбачаҳо, ҳанӯз ҷои хобашон ҳамон кулбача. Он барояшон аз ҳазор кушку қасри боҳашамат азизтар. Чун ба он дароянд, намедонанд, ки шабашон чӣ тавр ба саҳар меояд, баъд боз аз паси пода мешаванд, подаро ба ҷойҳои дури дур аз одамон мебаранд, ҷойҳое, ки овознорас, гунҷишкакон ҳам пар намезананд. Санаму Маҳрам ва подаи гову мол, бузу бузғола, баррачаҳою гӯсфандон. Онҳо бо ҳам, оғӯш ба оғӯш, аз бӯсу канори ҳамдигар сероиашон не. Офтоб рӯ ба ғуруб, ки шавад, ба худ меоянд, ба таҳлука меафтанд, аз паи ғун овардани пода мешаванд, асоҳо дар китф ҳаёҳӯйкунон подаро ба деҳа ҳай мекунанд. Дар кӯчаҳои деҳа ҳам, ҳатто вақти ба оғилу ба ҳел даровардани гову мол фурсат ёфта, даст ба ҷониби ҳамдигар мебаранд, ҳолашон часпоканак, пучаку канак. Одамон мебинанд, лаҳзаҳое шуда, ки чашми худи амаки Асадулло ҳам ба ин қилиқҳои онҳо афтода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё