Ишқи сархӯр

Духтари Замираи кундошашро бологузар дида, Гулрез дарун-дарун месӯзаду мемурад. Мегӯяд, ки Замира намурда, дар ҷояш духтараш сабзида. Худи Санам ҳам медонад. Барои ин, ӯ аз холааш миннатдор, раҳматӣ тез буд, ба сари Санам мехест, намемонд як лаҳза осуда бизиҳад, ғайри подабониаш ӯро бисёр кор мефармуд: «Орд без, хамир кун, нон паз, алови таги дега даргирон, хонара рӯб...» Оташкоби аловдор дар даст сари хамиркуниаш меистод, вақти нонпазӣ аз наздаш дур намерафт. Дар дегдони калон алов мекард, дегдон метафсонд, баъд ҳурғаи алов паст нашуда, мефармуд, ки ба дегдони тафсон намакоб занад, нон бандад, як хел нон не, аз рӯи фармудаи хола чандин намуд нон мепухт, нони тунук, фатирхамир, кулчаи ширмол, кулчаи калон, фатир, фатири курак, фатири қад-қад. Ҳад надошт, ки гузорад ягон нон пуштӣ кунад, афтад, сӯзад, лабаш каҷ биёяд, нимхома монад, гул биёрад, сурх нашавад. Аз рӯи фармудаҳои хола чанголӣ, шакароб, тезоба, ғармундӣ, қурутоб кардан, шулаи борайҳон, оши суюқ пухтанро ёд гирифт. Боз бисёр корҳои хона ҳама ба уҳдаи Санам. Хола чашми савод дошт, мехонд, ҳарфҳои Қуръону Ҳафтякро ҳам ба ӯ ёд дод, ҳар гуна сураю дуоҳоро аз бар кард ва ҳунари кадбонугӣ пайдо намуд.
Дар тӯю маъракаҳо нони тунук, таҳмол, қалама, кулчаи калону ош мепухт. Мардум Санамро суроғ мекарданд. Ба замми ин, Санамро кампирҳо ба маъракаҳои бибисешанбегию бибимушкилкушо мебурданд. Аз як ҷиҳати дигар ҳам мардум ба Санам корафтод мешуданд. Ӯ вақти подабонӣ пои бузу бузғола, гӯсфанду барраҳоро, ки мешикастанд, ҷобаҷо мекард, мебаст, баъд ӯ шикастабанд ҳам ном ёфт. Аз деҳаҳои дуру наздик ҳам наздаш меоянд, суроғ мекунанд. Аз ин ҷиҳат ҳам Гулрез дар азоб. Бадбиниаш ба ҳадде расида, ки шабҳо хобаш намебурд. Ба хотираш боз ҳамон гуноҳи Санаму Маҳрам мерасид. Онҳо зану шавҳари беникоҳ, ҳамин хелу мардум Санамро бибимулло мегӯянд, ҷояш омада, ки ӯ аз мардум бипурсад: Бибимуллоҳи онҳо кӣ? Худаш ҷавоб мегӯяд, ки ӯ зани беникоҳ, ношустапо, баъди ҷогаҳхобӣ вай ва шавҳараш ҳазор сатил обро ба сар резанд ҳам пок намешудаанд, як умр наҳс, ҷунуб, рӯи одами наҳс ба дидан не, боиси нобарорӣ, ноомадӣ, шикаст, пасафтодии кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё