Ишқи сархӯр

Бобои Комил дар ҳамсоягии худи онҳо мезистааст. Дар замони подшоҳӣ, пеш аз замони шӯравӣ, хизматгори дари хонаи бои деҳа будааст, гову моли ӯро бонӣ мекардааст. Бой як бегоҳирӯзии чиллаи зимистон, ки барф меборидааст, ба дасти Комил коғазе медиҳаду мефармояд ба Шоҳмансур равад ва онро ба фалончаи хеши ӯ бирасонад.
Шаб фаро меомадааст, Комил дар роҳ, роҳаш наздик не, аз деҳаи Теппаи Самарқандӣ, баъд аз сои Меҳтарӣ мегузарад.
1 Дар пеш се қулча21F, ба мисли се ағбаҳаки хурд-хурд. Ағбаи охир, яъне қулчаи охир тӯлонитар. Баъди он дашти васеъу ба назари Комил беохир. Дар гирду атроф ҷонзоде, ободие набуда. Дар миёни ин дашту биёбони беохир як дарахт, дарахти сада, онро садаи Маликшоҳ мегуфтанд. Дар дили шаб Комил ба сада наздик шуда мебинад, ки аз паси теппа гургҳо мебароянд. Комил саросема худро ба таги сада мегирад, ба дарахт мечаспад, гургҳо аз пасаш медаванд. Шаби Комил дар тори сада рӯз мешаваду гургҳо бо умеди туъмаашон чашм ба ӯ, дар гирди сада. Бозоракиҳо дар роҳ пайдо мешаванд. Комил ба туфайли як дарахти миёни дашт – садаи Маликшоҳ зинда мемонад. Ҳоло дар ҷои садаи Маликшоҳ, ки дар миёни дашт дарахти ягона буд, деҳаи сарсабзу зебое. Ба он Сада ном ниҳодаанд, аммо хуб мебуд, ки номи соҳибаш ҳам фаромӯш намешуд, хуб мебуд, деҳаро деҳаи Маликшоҳ мегуфтанд.
Деҳаи Сада ба маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе наздик, 4-5 километр роҳ. Комил ба пирӣ мерасад. Дар замони шӯравӣ низ ӯ подабони колхоз буда, тамоми умр дар дашту биёбонҳо садаю чинор шинондаю дарахт парваридааст. Аз вафоти бобои Комил солҳои сол гузаштаанд. Ба туфайли чинорҳо ва дарахтони дар қади роҳу рӯ, ё дар дашту биёбон сабзонидааш номаш зинда, мешунавӣ, ки «ин чинори бобои Комил, ҳо он садаи бобои Комил мегӯянд»
Дасти Сархӯр дар навдаи чинор, гӯё онро навозиш мекард.
Аз кадом як гӯшаи осмони пурабр раъду барқ дурахшид, баъд гулдур-гулдур садои тундар. Борон шиддат ёфт, оби Сангоб боз афзуд, дамиш хӯрд, ба ҷониби ҷар гашт, дарахти чинор
- Кухтали пастиву баландидор беҷо шуд, он боз дар оғӯши селоб, боз ҳамон навдаи бақуввати чинор дар дасти Сархӯр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё