Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз болои пул овози духтар ва ҷавоне аранг-аранг ба гӯшаш расид: «Исфандиёр! Исфандиёр!!»
Духтар фарёд мезад: «Бандро дор, Исфандиёр! Мешунавӣ?
Бандро дор!» Овози кӣ, аниқ карда наметавонист. Шояд Лутфия аст, ки аз паси Исфандиёр омадааст, қад-қади сангоб сӯхта-пухта давидааст, азоб кашидааст, таги жолаю борон мондааст, аз субҳ шабаш қатӣ духтар дар роҳу рӯ. «Интизор мешавам», гуфта буд, интизор не, дар даводав, дар ҷустуҷӯи ӯ. Чи рӯзе омада ба сари онҳо. Худованд ноумед нашаванд, рӯяшон сурх шавад, Исфандиёр аз аҷал раҳад.
– Исфандиёр! – боз шунид овози духтарро, – Гӯш кун, мешунавӣ, аз болои пул мефароям.
– Нафаро, – овози ҷавон баланд шуд. – Мебинӣ, чинор пеши обро гирифтааст, об ба болои пул расидааст, чаппа мешавад, ҳардуямон ғарқ мешавем, хонаамон месӯзад, ба ҷои як мурдаи акахонат ду-се мурда, ақлатро кор фармо, нафаро, биё. Ман рафтам, зану фарзанд дорам. Ту ҳам фикр кун, қомати падарро нашикан, очата ба хотир биёр, кӯдакат дар гаҳвора. Ман меравам.
– Наравед, акаҷон, мо бояд Исфандиёрро наҷот диҳем, вай худашро барои ман ба ҷӯши дарёи Кофарниҳон андохта буд.
Дасти мана гиред, ман дасти Исфандиёрро мегирам, – овози Гулнора ба гӯши Сархӯр омад. Ӯ пой ба оҳани танаи сутуни пул ниҳода нишеб шуд, боз андаки дигар ба поён фаромад.
Акнун Исфандиёру Гулнора ҳамдигарро медиданд:
– Гулнора?!
– Ҳа, ман Гулнора, бовар намекунӣ, гуфтам-ку бандро дор, тез, зуд бош, об дамиш хӯрда истодааст, ана, бин, фурсат намонд, аз паси ман боло шав, дастатро мегирам, биё. – Гулнора ба рӯи пул баромад, хам шуда, ба поён даст дароз кард.
Дасти Исфандиёр ба дасти Гулнора омад.
Онҳо дар болои пул, рӯ ба рӯи ҳамдигар меистоданд. Бародари Гулнора пеш омад. Ҳаво соф карда, моҳтоб оламро равшан менамуд.

пешина
аз 234
навбатӣ