Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ мегӯед, бачаҳом? – Пурсид бобои Мирзораҳим.
– Сари гӯри духтари холаҷонам омадам, – гуфт бача.
– Духтари холаҷонат кӣ?
– Дина бегоҳ ба хок монда будем-ку?
– Ҳамон духтари ҷавон, арӯсшаванда?
– Бале, бобоҷон, ҳамроҳамон биоед, оят хонед, ба рӯҳаш мебахшем, барои ҳамин омадем.
– Ман сари гӯри вай намеравам, тавба кардам.
– Барои чӣ ин хел мегӯед, бобоҷон?
– Шаб рафта омадам, як бало дидам, базӯр халос шудам.
Дигар ҳеҷ чи намегӯям, ба бало мемонам, – гуфт бобои Мирзораҳим ва ба кулбааш даромада дарро боз пӯшид.
Духтару бача чизе нафаҳмида суоломез ба рӯи ҳамдигар менигаристанд. «Чӣ балое? Чӣ шуда?» Ба дилашон ваҳм афтид.
– Меравем, Мӯнисаҷон, хоки поят мешавам, меравем, – бача пеш-пеш ба роҳ даромад. Сари гӯри духтар чӣ балое буда? Наздиктар омаданду диданд, ки бобои Мирзораҳим дурӯғ намегуфтааст. Дар болои гӯр одам, либосҳояш сап-сафед.
гӯрро оғӯш карда бо овози гирифта менолид, паст-паст навҳагарӣ дошт:
– Гӯш кун, ҷонам, гапҳоямро шунав, ҷонам, ман зинда. На, на, намехоҳам зинда монам, ҳамроҳат мешавам, ба оғӯшат медароям.
– Мешунавӣ, Мӯниса? Овози Лутфия? – пурсид аз духтар бача.
– Бовар намекунам, Фахрӣ, шояд ба гӯшамон ҳамин хел садо меояд, шояд мо хоб мебинем. Охир вай дар пеши назари худамон «ман аввал», гуфта...
– Лутфия аст, ба номи Худо Лутфия, – сухани Мӯнисаро бурид Фахрӣ.
Духтар ҳамон суханони пурсӯзу гудоз дар забон, баландтар менолид:
– Туро фиреб намедиҳам, Фахрӣ, омадам, фидоят мешавам, ман аз они худат, барои худат, – Фахрӣ овози Лутфияро мешунид, «овози Лутфия, худи ӯ, аниқ намурдааст, омадааст.

пешина
аз 234
навбатӣ