Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хезед ҳамин ҳоло Сафедоб меравем, дер накунем,
– бобои Ӯзбакхоҷа ба дили Меҳринисо бештар алов андохт, ки ӯ бетоқаттар шуд.
– Ба духтарам ягон гап шудагӣ барин, чува рости гапро намегӯед, сир паноҳ надоред, гӯед, тағо, боз рӯзам сиёҳ нашавад, тағо, – модари Лутфия лаҳзае ором нагирифта, аз ҷой бархоста намедонист ба кадом тарафи ҳавлӣ давад, ақлаш беҷо, сари калобааш гум.
– Шоҳпур, ҳой, Шоҳпур! – Меҳринисо писарашро, ки дар наздаш нишаста буд, намедид, номашро гирифта фарёд зад.
– Очаҷон, ман дар ҳамин ҷо, дар наздатон, очаҷон! – Шоҳпур аз ҷояш баланд шуд.
– Нашунидӣ, тағоҷон чӣ гуфтанд. Дар ҷоят мешинӣ? Ту ба фурсатӣ? Дилат намесӯзад? Хоҳари бисёр дорӣ? Хез, гуфтам хез, вай аробаи шалақаатро ба роҳ андоз. Ҳама соҳиби мошинҳои ҷипу пип, нестандарҷаҳон шудаанд, тую падарат ҳоли ҳам ҳамон Нексии аз Дақи Юнус мондаро очаю ота хонда гаштаед. Барор сабилия, Сафедоб меравем, тезтар меравем, то худам духтарма набинам, бовар намекунам, дилам қарор намегирад, духтарам мегӯям, Лутфияам мегӯям.
Шоҳпур мошинро ба кор даровард. Дар як дам надонист, ки он чӣ тавр пур-пури одам шуд. Тағояш ҳамчун роҳбалад дар пеш – дар паҳлуи ӯ бароҳат ҷой гирифт. Дар нишастгоҳи пушти вай одам борид. Аз ҳама пеш кампири модаркалон – модари қиблагоҳ, ки дар болои ҷойхобаш базӯр меҷунбид, «набераҳакма хабаргирӣ меравам», гуфта гӯё қанот баровард.
Дар паҳлуи вай модару падараш. Баъд Макнуна, ки апааш барои Лутфия шуда, дуои сангу борон ба сари ӯ рехта буд, – ман ҳам Лутфияро бо чашмони худам мебинам, – гӯён беномусӣ карда, ба мошин базӯр даромад, пушти мошин
1 тиқилинҷ23F, бағал ба бағал шуданд. Ба Шоҳпур душвор. Ӯро рӯе не, ки ба яке аз мусофирони даруни мошин гӯяд, ки савор нашавад. Ҳама гӯшту нохун, мошинро низ забон набуд, ки гӯяд: «Борам вазнин шуд!»

  1. Пур, ҷой не.
пешина
аз 234
навбатӣ