ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Очаамро кардам гум,
Мондам дар байни мардум.
Ман шудам қариб гирён,
Мегаштам ҳайрон-ҳайрон.
Як амаки пагондор,
Бишуд ба ман мададгор.
Фарёд кард аз радио,
Омад очам, ёфт маро.
Ҳаст «Олами бачагон»
Мисли бозори калон.
Ту ҳам равӣ ба Маскав,
Аз очат ҷудо машав!
ПАЛАВИ БОМАЗЗА
Уҳумбаҷон, уҳумба, Доғ шуд равғани думба.
Сонӣ аз сабзии нав Ман пухтам оши палав.
Бар табақча кашидам, Оши сергўшту равған.
Модарам хўрда аз он
– Бомазза! – гуфто ба ман.
ЧӢ ОМАД?
Гурум-гурум чӣ омад?
Ҳо ана, ким-чӣ омад.
Тирезаҳо ларзиданд,
Паррандаҳо тарсиданд.
Аспи масти Нуралӣ,
Канда гурехт аз ҳавлӣ.
Гурба аз тарсаш нахуфт,
Боре «мияв» ҳам нагуфт.
Баромадем бачаҳо,
Дар ду бари кўчаҳо.
Ҳама ҷо пур аз одам,
Тори дарахти тут ҳам.
Сари девори бобом,
Ҳам рўи ҳавлию бом.
Кампирҳо «оҳ» мегуфтанд,
«Ин чӣ бало!» – мегуфтанд.
Гурум-гурум чӣ омад?
Ҳо ана, як чӣ омад!
Ба деҳа кран омад,
Крани садман омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё