Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа
АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ШОИРИ БЕМИСОЛИ ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛ
Соли 934, дар замони авҷу шукӯҳи давлатдории Сомониён дар Хуросон инсоне ба дунё омад, ки шуҳрату овозаи ин диёр ва мардуми онро ба дуриҳои дур бурда, ҷовидонӣ кард. Бино бар навиштаи Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро», «дар рустоқи Тӯс корезеву чаҳорбоғе дошта «Фирдавс» ном ва… ваҷҳи тахаллуси Фирдавсӣ он аст». Дар ҳамин сарчашма омадааст, ки «исми Фирдавсӣ Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ аст» ва дар баъзе сухан «ибни Шарафшоҳ» тахаллус мекунад.
«Маҷолис-ун-нафоис» «Фирдавсӣ» тахаллус кардани шоирро натиҷаи мулоқоти ӯ бо Унсуриву Фаррухиву Асҷадӣ медонад. Гӯё он се нафар, мисраи машҳури бадоҳатан гуфтаи ҳакими Тӯсро шунида, хитоб карда бошанд, ки «Маҷлиси моро фирдавс сохтӣ!» «Баъд аз қавли эшон Фирдавсӣ ин тахаллус ихтиёр кард» – менависад Навоӣ.
Корезу чаҳорбоғ имкони комил муҳайё мекард, ки хонадон тинҷу осуда бизияд ва фарзанди хонадон аз таҳсилу касби илмҳои замон хуб баҳравар бошад. Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, дар забону адаби форсӣ ва забону адаби арабӣ тасаллути комил пайдо кард.
Ҳокимони замон – Сомониён ба таъриху фарҳанги бостонии халқи хеш таваҷҷуҳи хос доштанд ва онро чун як василаи тарғибу ташвиқи аслдориву ватанхоҳӣ ва иттиҳоди мардуму пешгирии парокандагӣ истифода мебурданд. Аз ин рӯ, дар он макон шумораи нафароне, ки он таъриху фарҳангро гирд оварда, меомӯхтанду перомуни он асарҳо эҷод мекарданд, кам набуд.
Пайдоишу густариши шоҳномаҳои гуногуни мансур ва «Гуштоспнома»-и манзуми Абӯмансур Муҳаммади Дақиқии Марвӣ (317-366) – Бухороӣ ва Самарқандиаш ҳам мегӯянд – (ҳамон ҳазор байте, ки аз қавли Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис», «Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дарҷ карда, «то маълум шавад мардумро мартабаи сухани ӯву сухани Дақиқӣ»), тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» ба қалами Абӯалии Балъамӣ натиҷаҳои ҳамин падидаи худшиносӣ ва майл ба решаҳои асли хеш буданд.
Фирдавсии ҷавон ба чунин осор таваҷҷуҳи рӯзафзун дошт, дар чаҳорбоғи хешу канори корезашон онҳоро меомӯхту орзӯи навиштани асареро мекард, ки навроҳашро сарфи ободии бештари чаҳорбоғу таҳкими соҳилҳои фарсудаи корез бикунад.
1 Сарсуханҳои ин силсила, бо мақсади ошноии андаки хонанда бо ҳаёту эҷоди муаллифон, бо такя ба маъхазҳои гуногуни мавзӯъ, маҳз барои ҳамин силсила навишта шудаанд ва даъвои пажӯҳишу тозагуфторӣ дар тадқиқу таҳқиқро надоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё