Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба чанг омадаш чанд гуна гуҳар
Чу ёқуту беҷодаву симу зар,
Зи хоро ба афсун бурун оварид,
Шуд он бандҳоро саросар калид.
Дигар бӯйҳоро хуш овард боз,
Ки доранд мардум ба рӯяш ниёз.
2
Чу бону чу кофуру чун мушки ноб,
Чу уду чу анбар, чу равшангулоб.
Пизишкиву дармони ҳар дардманд,
Дари тандурустиву роҳи газанд,
Ҳамон розҳо кард низ ошкор,
Ҷаҳонро наомад чун ӯ хостор.
Гузар кард з-он пас ба киштӣ бар об,
Зи кишвар ба кишвар баромад шитоб.
Чунин сол панҷаҳ биварзид низ,
Надид аз ҳунар бар хирад баста чиз.
Ҳамон карданиҳо чу омад падид,
Ба гетӣ ҷуз аз хештан кас надид.
Чу он корҳои вай омад ба ҷой,
Зи ҷои меҳин бартар овард пой.
Ба фарри кайонӣ яке тахт сохт,
3
Чи моя дар ӯ гавҳар-андар нишохт,
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.⁴
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй,
1 Беҷода – санги сурх ё зардранг, ки хосияти каҳрабоӣ дорад.
2 Бон – дарахти мавзуне, ки баргҳои нозуки муаттар дорад ва аз донаҳои пистамонандаш равғани хушбӯе мегиранд.
Нишохтан – нишондан, шинондан, ҷойгир кардан.
Барафроштан – бардоштан; барафрохтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё