Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ин обдориву ин ростӣ
Замон то замон оядаш костӣ,

Ба ноком бояд ба душман супурд,
Ҳама ранҷи мо бод бояд шумурд!

Яке танг сандуқ аз он баҳри мост,
Дарахте, ки тарёки ӯ заҳри мост,

Бикиштему додем обаш ба ранҷ,
Баровехтем аз бараш тоҷу ганҷ,

Чу бар шуд ба хуршеду шуд соядор,
Ба хок-андар омад сари моядор.

Бар ин аст анҷоми фарҷоми мо,
Надонам, куҷо бошад ороми мо!»

Ба Синдухт Меҳроб гуфт: «Ин сухан
Нав овардиву нав нагардад куҳан,

Сарои сипанҷӣ бад-ин сон бувад,
1
Яке хору дигар таносон бувад,

Яке андарояд, дигар бигзарад,
Кӣ дидӣ, ки чархаш ҳаме нашкарад?

Ба тангии дил ғам нагардад дигар,
Бар ин нест пайкор бо додгар!»

Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Ин достон
Ба рӯи дигар барниҳад ростон,

Чи гуна тавон кардан аз ту ниҳон
Чунин розу ин корҳои гарон?

Хирадёфта мӯбади некбахт
Ба фарзанд зад достони дарахт,

Задам достон, то зи роҳи хирад
Сипаҳбуд ба гуфтори ман бингарад.

Фурӯ бурд сар, сарвро дод хам,
Ба наргис гули сурхро дод нам,

Ки гардун на з-он сон ҳамебигзарад,
Ки моро ҳамебояд, эй пурхирад.

Таносон – осуда, хушҳол.

пешина
аз 345
навбатӣ