Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шавад рӯз, чун чашма рахшон шавад,
Ҷаҳон чун нигини Бадахшон шавад!»

Бад-ӯ гуфт Меҳроб К-«Аз бостон
Мазан дар миёни ялон достон,

Бигӯй он чи донию ҷонро бикӯш
Ва ё ҷомаи хун ба тан-бар бипӯш!»

Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй сарфароз,
Бувад, к-ат наояд ба хунам ниёз,

Маро рафт бояд ҳаме пеши Сом,
Кашидан мар-ин теғро аз ниём.

Зи ман ранҷи ҷону зи ту хоста,
Супурдан ба ман ганҷи ороста».

Бад-ӯ гуфт Меҳроб, к-«Инак, калид,
Ғами ганҷ ҳаргиз набояд кашид.

Парастандаву аспу тахту кулоҳ
Биорою бо хештан бар ба роҳ.

Магар шаҳри Кобул насӯзад ба мо,
Чи пажмурда шуд, барфурӯзад ба мо.»

Чунин гуфт Синдухт бо номдор,
«Бихоҳӣ равон, хоста хор дор.

Набояд, ки чун ман бувам чораҷӯй,
Ту Рӯдобаро сахтӣ орӣ ба рӯй.

Маро дар ҷаҳон андуҳи ҷони ӯст,
Кунун бо туам рӯзи паймони ӯст.

Надорам ҳаме андуҳи хештан,
Аз ӯй аст ин дарду андӯҳи ман!»

Яке сахт паймон ситад з-ӯ нахуст,
Пас он гаҳ ба мардӣ раҳи чора ҷуст.

Биорост танро ба дебову зар,
Ба дурру ба ёқути пурмоя сар,

Пас аз ганҷи Меҳроб баҳри нисор
Бурун кард динор сесад ҳазор,

пешина
аз 345
навбатӣ