Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фуруд омад аз асп Синдухту рафт,
Ба пеши сипаҳбуд хиромид тафт.

Заминро бибӯсиду кард офарин
Абар шоҳу бар паҳлавони замин.

Нисору парастандаву аспу пил,
Рада баркашида зи дар то ду мил,

Якояк ҳама пеши Сом оварид,
Сари паҳлавон хира шуд, к-он бидид.

Пурандеша биншаст бар сони маст,
Ба каш карда дасту сар афканда паст:

«Зи ҷое куҷо моя чандин бувад,
Фиристодани зан чи оин бувад?

Гар ин хоста з-ӯ пазирам ҳама,
Зи ман гардад озурда шоҳи рама

В-агар бозгардонам аз пеш, Зол
Барорад ба кирдори Симурғ бол,

Шавад ранҷа, озурда гардад зи ман,
Чи посух бигӯям-ш дар анҷуман?»

Баровард сар, гуфт, к-«Ин хоста,
Ғуломону пилони ороста,

Шаведу ба ганҷури Дастон диҳед,
Ба номи маҳи Кобулистон ниҳед».

Паричеҳра Синдухт дар пеши Сом
Забон кард гӯёву дил шодком,

Чу он ҳадяро ӯ пазируфта дид,
Расида беҳию бадӣ рафта дид.

Се бутрӯй бо ӯ ба як ҷо буданд,
Суманпайкару сарвболо буданд,

Гирифта яке ҷом ҳар як ба каф,
Пур аз сурх ёқуту дурру садаф,

Ба назди сипаҳбуд фурӯ рехтанд,
Ҳама як ба дигар баромехтанд.

пешина
аз 345
навбатӣ