Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Дили бегуноҳони Кобул масӯз,
К-аз ин тирагӣ андарояд ба рӯз!»
Суханҳо чу бишнид аз ӯ паҳлавон,
Зане дид боройу равшанравон,
Ба рух чун баҳору ба боло чу сарв,
Миёнаш чу ғарву ба рафтан тазарв,
Чунин дод посух, ки «Паймони ман
Дуруст аст, агар бигсилад ҷони ман.
Ту бо Кобулу ҳар кӣ пайванди туст,
Бимонед шодондилу тандуруст.
Бад-ин низ ҳамдостонам, ки Зол
Зи гетӣ чу Рӯдоба ҷӯяд ҳамол.
Шумо, гарчи аз гавҳари дигаред,
Ҳамон тоҷу аврангро дархуред.
Чунин аст гетиву з-он нанг нест,
Або Кирдгори ҷаҳон ҷанг нест.
Чунон офаринад, ки ояд-ш рой,
Ки мондему монем бо ҳой-ҳой,
Яке бар фарозу яке дар нишеб,
Яке бо фузунӣ, яке бо ниҳеб,
Яке аз фузунӣ дилороста,
Зи каммӣ дили дигаре коста,
Саранҷом ҳарду ба хок-андар аст,
Ки ҳар гавҳаре кушта з-ин гавҳар аст.
Бикӯшам кунун аз пайи кори ту,
Аз ин лобаву нолаи зори ту:
Яке нома бо лобаи дардманд
Набиштам ба наздики шоҳи баланд,
Ба назди Манучеҳр шуд Золи Зар,
Чунон шуд, ки гуфтӣ баровард пар,
Ба зин-андар омад, ки зинро надид,
Ҳамон наъли аспаш заминро надид!
Бар ин Золро шоҳ посух диҳад,
Чу хандон шавад, ройи фаррух ниҳад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё