Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Кунун ин яке кори шоиста пеш
Фароз омадаст ин ба шоиста хеш,
Яке кор омад ба тӯрониён
Аз он гургчеҳрони тӯрониён.
Аз Ирмониён омада додхоҳ,
Ки аз хук шуд беша яксар табоҳ!»
Ҳама гуфтаҳоро аз ин бозгуфт,
Намуда бад-он ҷо, ки Бежан нуҳуфт.
«Биояд дар ин кор озурда Гев,
Бипӯяд ҳаме аз пайи пури нев.
Ту худ донӣ, эй меҳтари шермард,
Ки Геви сипаҳбуд ба мардӣ чи кард,
Ба ҷанги Пашан, ҳам ба Мозандарон
Чи кард он диловар ба гурзи гарон!
Бузург асту гурд асту домоди ту,
Бад-ӯ шод гашта дили роди ту.
Дили Гев ҳаргиз бад-ин сон набуд,
Зи Бежан басе дарду ранҷ озмуд.
Ҳама Исфаҳон то ба Ҳамдону Рай
Ҳама ҷомачоканду бар хок пай.
Дилу ҷони ман низ шуд мустаманд
Аз он номвар паҳлави девбанд!
Ба ту дорад уммед Гударзу Гев,
Ки ҳастӣ ба ҳар кишвар имрӯз нев.
Шиносӣ ба наздики ман ҷоҳашон,
Забону дилу ройи огоҳашон.
Сазад, гар ту онро надорӣ ба ранҷ,
Бихоҳ, он чи бояд зи мардону ганҷ,
Ки ҳаргиз бад-ин дудмон ғам набуд,
Фурӯзандатар з-ин ҷаҳон кам шунуд!
Набуд Гевро худ ҷуз ӯ пур кас,
Ки фарзанд будаш чу фарёдрас,
Фаровон ба назди манаш дастгоҳ,
Марову ниёи маро некхоҳ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо