Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу Гев андаромад ба айвон зи роҳ,
Таҳамтан биомад зи нахчиргоҳ,
Пазира шудаш Гев, к-омад фароз,
Пиёда шуд аз аспу бурдаш намоз,
Пур аз орзӯ дил, пур аз об рӯй,
Зи дида ниҳода ба рух-бар ду ҷӯй.
Чу Рустам дили Гевро хаста дид,
Ба оби мижа рӯи ӯ шуста дид,
Ба дил гуфт: «Боре табоҳ аст кор
Ба Эрону бар шоҳи беҳрӯзгор!»
Зи асп-андар омад, гирифташ ба бар,
Бипурсидаш аз Хусрави тоҷвар,
Зи Гударзу аз Тӯсу аз Густаҳам,
Зи гурдони лашкар ҳама бешу кам,
Зи Шопуру Руҳҳому аз Бежано,
Зи Фарҳоду Гургину аз ҳар тано.
Чу он номи Бежан расидаш ба гӯш,
Баромад ба ноком аз ӯ як хурӯш,
Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй б-офарин,
Гузини ҳама меҳтарони замин,
Кунун шод гаштам ба дидори ту,
Бар ин пурсиши гарму гуфтори ту,
Дурустанд, аз ин ҳар кӣ бурдӣ ту ном
В-аз эшон дуруду салому паём,
Ба ҷуз Бежан, эй гурди гарданкашон,
Ки аз банду аз чаҳ диҳандаш нишон.
Набинӣ, ки бар ман ба пиронсаро
Чи омад зи бахти бад андархуро?
Ба гетӣ маро худ яке пур буд,
Ки ҳам пуру ҳам пок дастур буд,
Шуд аз чашми ман дар ҷаҳон нопадид,
Бад-ин дудмон кас чунон ғам надид!
Чунинам, ки бинӣ ба пушти сутур
Шабу рӯз тозон чу тобанда ҳур,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо