Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Майу маҷлис орой бо майгусор,
Дари боғ бикшой бар ҷӯйбор,

Бинеҳ тахти зар, маҷлис орой кун,
Кайонро ба ҳар ҷойгаҳ ҷой кун!»

БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ
БО ПАҲЛАВОНОН

Дари боғ бикшод солори бор,
Нишастангаҳе сохт бас шоҳвор.

Бифармуд, то тоҷи заррину тахт
Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.

Ҳама дебаи хусравонӣ ба боғ
Бигустурду шуд бӯстон чун чароғ.

Дарахте заданд аз бари гоҳи шоҳ,
Куҷо соя густурд бар тоҷгоҳ.

Танаш симу шохаш зи ёқуту зар,
Бар ӯ гунагун хӯшаҳои гуҳар.

Ақиқу забарҷад ҳама баргу бор
Фурӯ ҳишта аз шох чун гӯшвор.

Ҳама бор – заррин турунҷу биҳӣ,
Миёни турунҷу биҳӣ буд тиҳӣ,

Бад-ӯ-андарун мушки суда ба май,
Ҳама пайкараш суфта бар сони най.

Киро шоҳ бар гоҳ биншондӣ,
Бар ӯ бод аз он мушк бифшондӣ.

Биомад, нишаст ӯ ба зарринатахт,
Ба сар-бар-ш резанда мушк аз дарахт.

Ҳаме майгусорон ба пеш-андаро,
Ҳама бар сарон афсар аз гавҳаро.

Зи дебои зарбафту чиниқабой
Ҳама пеши гоҳи сипаҳбуд ба пой.¹

Ҳама тавқ барбаставу гӯшвор,
Ба бар-бар ҳама ҷомаи зарнигор.

Сипаҳбуд (сипаҳбад) – шоҳ; сипаҳсолор, лашкаркаш.

пешина
аз 345
навбатӣ