Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

ХОСТ КАРДАНИ РУСТАМ ГУРГИНРО АЗ ШОҲ
Чу Гургин нишони Таҳамтан шунид,
Бидонист, к-омад ғамашро калид,
Фиристод наздики Рустам паём,
Ки «Эй некпай фарруху некном,
Дарахти бузургиву ганҷи вафо,
Дари родмардиву банди бало,
Гарат ранҷ н-ояд зи гуфтори ман,
Бигӯям кунун бо ту кирдори ман.
Нигаҳ кун ту дар кори ин кӯжпушт,
Ба хира чароғи диламро бикушт,
Ба торикӣ-андар маро раҳ намуд,
Набишта чунин буду буд, он чи буд.
Бар оташ ниҳам хештан пеши шоҳ,
Гар омурзиш ояд маро з-ин гуноҳ.
Магар бозгардад зи бад номи ман,
Ба пиронсар ин буд саранҷоми ман.
Магар гар бихоҳӣ зи шоҳи ҷаҳон,
Чу ғурми жиён бо ту бандам миён,
Шавам пеши Бежан, биғалтам ба хок,
Магар бозёбам ман он кеши пок!»
Чу пайғоми Гургин ба Рустам расид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид,
Бипечид аз он дарду пайғоми ӯй,
Ғам омад-ш аз он беҳуда коми ӯй.
Фиристодаро гуфт: «Шав, бозгард,
Бигӯяш, ки эй хира нопокмард,
Ту нашнидаӣ достони паланг
Бад-он жарфдарё, ки зад бо наҳанг,
Ки гар бар хирад чира гардад ҳаво,
Наёбад зи чанги ҳаво кас раҳо.
Хост кардан – дархост, хоҳиш кардан, талабидан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо