Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҷуз ин орзӯ ҳар чи хоҳӣ, бихоҳ
Зи теғу зи меҳру зи тахту кулоҳ!»
Пас он гаҳ чунин гуфт Рустам ба шоҳ,
Ки «Эй богуҳар, номвар пешгоҳ,
Агар бад сиголид, печад ҳаме,
Фидо кардани ҷон бисечад ҳаме.
Гар омурзиши шоҳ н-ояд ба пеш,
Ба наздаш наояд ҳаме дину кеш.
Ҳар он кас, ки гардад зи роҳи хирад,
Саранҷом печад зи кирдори бад.
Сазад, гар кунӣ ёд кирдори ӯй,
Ҳамеша ба ҳар кина пайкори ӯй,
Ба пеши ниёгон-т баста камар,
Ба ҳар кинагаҳ бо яке кинавар.
Агар шоҳ бинад, ба ман бахшадаш,
Магар бахт як лахт бидрахшадаш».
Ба Рустам бибахшид пирӯзшоҳ,
Раҳонидаш аз банду торик чоҳ.
ОРОСТАНИ РУСТАМ ЛАШКАРИ ХЕШ
Зи Рустам бипурсид пас шаҳриёр,
Ки «Чун ронд хоҳӣ бад-ин кина кор?
Чи хоҳӣ зи ганҷу зи лашкар, бихоҳ,
Кӣ бояд, ки бо ту биояд ба роҳ?
Битарсам зи бадгавҳар Афросиёб,
Ки бар хуни Бежан бигирад шитоб,
Ки ӯ бодсор асту деви нажанд
Бад-ӯ дода афсуну найрангу банд,
Биҷунбонадаш як замон дил зи ҷой,
Бигардонад он теғзанро зи пой».
Чунин гуфт Рустам ба шоҳи ҷаҳон,
1
Ки «Бипсечам ин кор андар ниҳон,
Бипсечам – аз сечидан; ҳаракат кардан; омода шудан; тайёр кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо