Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Суи шаҳри Тӯрон ниҳоданд рӯй
Яке корвоне пур аз рангу бӯй,
Гаронмоя ҳашт асп дар корвон,
Яке Рахшу дигар нишаста гавон,
Даҳ уштур, ҳама борашон – гавҳаро,
Сад уштур – ҳама ҷомаи лашкаро.
Зи бас ҳойуҳӯйу ҷаранги дарой,
Ба кирдори таҳмурасӣ карраной,
1
Ҳама дашт аз овозашон механид,
Ҳамерафт, то шаҳри Пирон расид.
Дар он марзи Тӯрон яке шаҳр буд,
Ки Пирон аз он шаҳри бобаҳр буд.
Ба нахчир буд рафта Пирон зи ҷой,
Набуд кас ба даргоҳи ӯ-бар ба пой.
Чу Пирони Виса зи нахчиргоҳ
Биомад, Таҳамтан бидидаш ба роҳ.
Яке ҷоми зарин, пур аз гавҳаро,
Ба дебо бипӯшид Рустам саро,
Ду аспи гаронмоя, бо зини зар,
Ба гавҳар биороста сарбасар
Ба фармонбарон доду худ пеш рафт,
Бари гоҳи Пирон хиромид тафт,
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй номвар,
Ба Эрону Тӯрон ба бахту ҳунар,
Чу ту кас набошад ба фарру кулоҳ,
Ки дастури шоҳиву зебои гоҳ!»
Чунон кард равшан ҷаҳондор соз,
Ки Пирон мар-ӯро надонист боз,
Бипурсиду гуфт: «Аз куҷоӣ, бигӯй,
Чи мардиву чун омадӣ пӯяпӯй?»
Бад-ӯ гуфт Рустам: «Туро кеҳтарам,
Ба шаҳри ту кард Эзад обишхурам,
Ханидан – акси садо додан, пуровоз шудан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо