Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи Яздони зӯрофарин зӯр хост,
Бизад дасту он санг бардошт рост,

Биандохт бар бешаи шаҳри Чин,
Биларзид аз он санг рӯи замин.

Зи Бежан бипурсиду нолид зор,
Ки «Чун буд корат ба бадрӯзгор?

Зи гетӣ ҳама нӯш будӣ-т баҳр,
Зи дасташ чаро бистадӣ ҷоми заҳр?!»

Бад-ӯ гуфт Бежан зи торикчоҳ,
Ки «Чун буд бар паҳлавон ранҷи роҳ?

Маро чун хурӯши ту омад ба гӯш,
Ҳама заҳри гетӣ шудам покнӯш.

Бад-ин сон, ки бинӣ, маро хонумон
Зи оҳан замину зи санг осмон!

Бикандам дилам з-ин сарои сипанҷ
Зи бас дарду сахтиву андӯҳу ранҷ!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Бар ҷони ту
Бибахшуд бахшанда Яздони ту,

Аз ӯ дону аз кас мапиндор ин,
Ки бахшуд бар ту ҷаҳонофарин!

Кунун, эй хирадманди фархундахӯй,
Маро монда аз ту яке орзӯй,

Ба ман бахш Гургини Милодро,
Зи дил дур кун кину бедодро!»

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй ёри ман,
Надонӣ, ки чун буд кирдори ман!

Надонӣ ту, эй меҳтари шермард,
Ки Гургини Милод бо ман чи кард!

Гар ояд бар ӯ-бар ҷаҳонбини ман,
Бад-ӯ растахез ояд аз кини ман!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Гар бадхувӣ
Бисозиву гуфтори ман нашнавӣ,

Бимонам туро баста дар чоҳ, пой Ба Рахш-андар орам, шавам боз ҷой!»

пешина
аз 345
навбатӣ