Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.
Пайи Рахш бардошт, раҳ баргирифт,
Бас андешаҳо дар дил-андар гирифт
В-«Ар эдун, ки Рахшам наояд падид,
Саронро басе сар бихоҳам бурид!»
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй сарафроз мард,
Наорад касе бо ту ин кор кард.
Ту меҳмони ман бошу тундӣ макун,
Ба коми ту гардад саросар сухун.
Як имшаб ба май шод дорем дил
В-аз андеша озод дорем дил,
Ки тундиву тезӣ наояд ба кор,
Ба нармӣ барояд зи сӯрох мор.
Ҳаме Рахши Рустам намонад ниҳон
Чунон бораи номвар дар ҷаҳон.
Биҷӯему Рахшат биорем зуд,
Аё пурҳунар марди корозмуд!»
Таҳамтан зи гуфтори ӯ шод шуд,
Равонаш зи андеша озод шуд,
Сазо дид рафтан суи хони ӯй,
Шуд аз мужда дилшод меҳмони ӯй.
Сипаҳбуд варо дод дар кох ҷой,
Ҳаме буд дар пеши ӯ-бар ба пой.
Зи шаҳру зи лашкар саронро бихонд,
Сазовор бо ӯ ба ромиш нишонд,
Бифармуд холигаронро, ки хон
Биоранду бинҳанд пеши гавон.
Нишастанд бо рӯдсозон ба ҳам,
Бад-он, то Таҳамтан набошад дижам,
Гусорандаи бодаву рӯду соз –
Сияҳчашму гулрух бутони Тироз.
Чу шуд маст, ҳангоми хоб омадаш,
Ҳаме аз нишастан шитоб омадаш,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо