Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Магар чун ту бошад ба мардиву зӯр,
Сипеҳраш диҳад баҳра Кайвону Ҳур.
Се дигар, ки Рахшат ба ҷой оварам,
Самангон ҳама зери пой оварам!»
Суханҳои он моҳ омад ба бун,
Таҳамтан саросар шунид он сухун,
Чу Рустам бад-он сон паричеҳра дид,
Зи ҳар донише назди ӯ баҳра дид,
Дигар он, ки аз Рахш дод огаҳӣ,
Надид эч фарҷом ҷуз фарраҳӣ,
Бифармуд, то мӯбади пурҳунар
Биояд, бихоҳад варо аз падар.
Чу бишнид шоҳ ин сухан, шод шуд,
Ба сони яке сарви озод шуд,
Бад-он паҳлавон дод он духти хеш
Бар он сон, ки будаст оину кеш,
Ба хушнудиву ройу фармони ӯй
Ба хубӣ биорост паймони ӯй.
Чу биспурд духтар бад-он паҳлавон,
Ҳама шод гаштанд пиру ҷавон,
Ба шодӣ ҳама ҷон барафшонданд,
Бар он паҳлавон офарин хонданд,
Ки ин моҳи нав бар ту фархунда бод,
Сари бадсиголони ту канда бод!
Чу анбози ӯ гашт бо ӯ ба роз,
Бибуд он шаби тира то дер боз,
Зи шабнам шуд он ғунчаи тоза пур
Ва ё ҳуққаи лаъл шуд пур зи дур,
Ба коми садаф қатра андарчакид,
Миёнаш яке гавҳар омад падид,
Бидонист Рустам, ки ӯ бар гирифт.
Таҳамтан ба дил меҳраш андаргирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо