Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗОДАНИ СУҲРОБ

Чу нуҳ моҳ бигзашт бар духти шоҳ,
Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ,

Ту гуфтӣ, гави пилтан Рустам аст
Ва ё Соми шер аст, ё Найрам аст.

Чу хандон шуду чеҳра шодоб кард,
Варо ном Таҳмина Суҳроб кард.

Чу якмоҳ шуд, ҳамчу яксол буд,
Бараш чун бари Рустами Зол буд.

Чу сесола шуд, сози майдон гирифт,
Ба панҷум дили шермардон гирифт.

Чу даҳсола шуд, з-он замин кас набуд,
Ки ёрист бо ӯ набард озмуд.

Ба тан ҳамчу пилу ба чеҳра чу хун,

Ситабрашду бозу, ба сони сутун.

Ба нахчири шерон бурун тохтӣ,
Ба бозӣ ҳама размашон сохтӣ.

1
Ба так-дар давидӣ пайи бодпой
Гирифтӣ думи асп, мондӣ ба ҷой.

Бари модар омад, бипурсид аз ӯй,
Бад-ӯ гуфт густох: «Бо ман бигӯй,

Ки ман чун зи ҳамширагон бартарам,
Ҳаме б-осмон-андар ояд сарам,

Зи тухми киям в-аз кадомин гуҳар,
Чи гӯям, чу пурсад касе аз падар?

Гар ин пурсиш аз ман бимонад ниҳон,
Намонам туро зинда андар ҷаҳон!»

Бад-ӯ гуфт модар, ки «Бишнав сухун,
Бад-ин шодмон бошу тундӣ макун,

Ту пури гави пилтан – Рустамӣ,
Зи Дастони Сомиву аз Найрамӣ,

Ба так-дар – дартоз. Так – давидан.

пешина
аз 345
навбатӣ