Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки ҳам разм ҷустӣ, ҳам афсуну ранг
Наомад зи кори ту бар дуда нанг,

Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки н-омад ба ҷонат зи душман газанд!»

Бихандид бисёр Гурдофарид,
Ба бора баромад, сипаҳ бингарид,

Чу Суҳробро дид бар пушти зин,
Чунин гуфт, к-«Эй гурди Тӯронзамин,

Чаро ранҷа гаштӣ чунин, бозгард,
Ҳам аз омадан, ҳам зи дашти набард!»

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Эй хубчеҳр
Ба тоҷу ба тахту ба моҳу ба меҳр,

Ки ин бора бо хок паст оварам,
Туро, эй ситамгар, ба даст оварам!

Чу бечора гардиву печон шавӣ,
Зи гуфтори ҳарза пушаймон шавӣ,

Пушаймонӣ он гаҳ надорад-т суд,
Чу гардуни гардон кулоҳат рабуд!

Куҷо рафт паймон, ки кардӣ падид?»
Чу бишнид гуфтор Гурдофарид,

Бихандиду он гаҳ ба афсун бигуфт,
Ки «Туркон зи Эрон наёбанд ҷуфт!

Чунин рафт, рӯзӣ набудат зи ман,
Бад-ин дард ғамгин макун хештан,

Ҳамоно, ки ту худ зи туркон наӣ,
Ки ҷуз б-офарини бузургон наӣ,

Бад-ин зӯру ин бозуву кифту ёл
Надорӣ кас аз паҳлавонон ҳамол!²

Валекин чу огоҳӣ ояд ба шоҳ,
Ки овард гурде зи Тӯронсипоҳ,

Дуда – хонадон, табор, авлод.
Ҳамол – ҳамто, мисл, назир.

пешина
аз 345
навбатӣ