Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нахоҳам, ки бо ӯ ба саҳро бувад,
Ҳамовард агар кӯҳи хоро бувад!
Мабодо, ки ӯ дар миёни ду саф
Яке марди ҷанговар орад ба каф,
Бар он кӯҳ бахшоиш орад замин,
Куҷо асп ронад бар ӯ рӯзи кин!
Агар дам занад шаҳриёр андар ин,
Наронад сипоҳу насозад камин,
Аз Эрон ҳама фарраҳӣ рафта гир,
Ҷаҳон аз сари теғаш ошуфта гир.
Зи мо моя гирад, ки худ зӯр ҳаст,
Нагирад касе дасти ӯро ба даст,
Инондор чун ӯ надидаст кас,
Ту гӯӣ, ки Соми савор асту бас.
Надорем мо тоби ин ҷангҷӯй
Бад-ин гурзу чанголу оҳанги ӯй.
Сари бахти гурдон фурӯ хуфта гир,
Бузургӣ-ш бар осмон рафта гир!
Буна, инак, имшаб ҳама барниҳем,
Ҳама рӯйро сӯи кишвар ниҳем,
1
Агар худ шикебем якчанд низ,
Накӯшему дигар нагӯем чиз,
Ки ин бораро нест поёби ӯй,²
Дирангӣ шавад шер з-иштоби ӯй!»³
Чу нома ба муҳр-андар омад ба шаб,
Фиристода барҷасту бикшод лаб,
Бигуфташ: «Чунон рав, ки фардо пагоҳ
Набинад туро ҳеҷ кас з-он сипоҳ!»
Фиристод нома суи роҳи рост,
Паси нома он гоҳ бар пой хост.
1
Шикебем – сабр кунем.
Поёб – дар ин ҷо ба маънии тобу тоқат.
Иштоб – шитоб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо