Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз асп-андар омад гави номдор,
Аз Эрон бипурсиду аз шаҳриёр,

Зи раҳ сӯи айвони Рустам шуданд,
Замоне бибуданду дам барзаданд.

Бигуфт, он чи бишнид, нома бидод,
Зи Суҳроб чанде сухан кард ёд,

Зи неку зи бад огаҳӣ дод низ,
Ҳамон ҳадяҳоро бад-ӯ доду чиз.

Таҳамтан, чу бишниду нома бихонд,
Бихандиду з-он кор хира бимонд,

Ки «Монандаи Соми гурд аз меҳон
Саворе падид омад андар ҷаҳон,

Аз озодагон ин набошад шигифт,
Зи туркон чунин ёд натвон гирифт,

Нагӯяд кас, ин номдор аз куҷост,
Надонам кунун, к-ин савор аз куҷост?

Ман аз духти шоҳи Самангон яке
Писар дораму ҳаст ӯ кӯдаке,

Ҳанӯз он гиромӣ надонад, ки ҷанг
Тавон кард гоҳе шитобу диранг.

Фиристодамаш зарру гавҳар басе
Бари модари ӯ ба дасти касе,

Чунин посух овард, к-он арҷманд,
Басе барнаояд, ки гардад баланд,

Ҳаме май хурад бо лаби ширбӯй,
Шавад, бегумон, зуд пархошҷӯй,

Чу ояд-ш ҳангом, тозад чу шер,
Басе сарваронро сар орад ба зер,

Аз ин сон, ки гӯӣ ту, эй паҳлавон,
Ки омад суи разми эрониён,

Зи бора Ҳаҷири диловар фиканд,
Бибасташ саросар ба хамми каманд,

пешина
аз 345
навбатӣ