Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Кӣ кандӣ дилу мағзи Деви Сапед,
Киро буд бар бозуи худ умед?!» –
Чу баргуфт з-ин гуна гуфтор чанд
Ба гурдон дари панду бикшуд банд,
Ба эрониён гуфт: «Он турки гурд
Биояд, намонад бузургу на хурд,
Шумо ҳар яке чораи ҷон кунед,
Хирадро бад-ин кор дармон кунед!
Ба Эрон набинед з-ин пас маро,
Шуморо замин, парри каргас маро!»
Бизад аспу аз пеши эшон бирафт,
Ҳама пӯст бар тан-ш гуфтӣ бикафт.
Ғамӣ шуд дил эрониёнро ҳама,
Ки Рустам шубон буду эшон рама,
Ба Гударз гуфтанд, к-«Ин кори туст,
Шикаста ба дасти ту гардад дуруст,
Сипаҳбуд чу аз ту сухан бишнавад,
Ба гуфтори ту бегумон бигравад.
Ба наздики он шоҳи девона шав
В-аз ин дар сухан ёд кун нав ба нав,
Суханҳои чарбу дароз оварӣ,
Магар бахти гумбуда бозоварӣ!»
Ҳамон гаҳ нишастанд бо якдигар
Саросар бузургони пархошгар,
Чу Геву чу Гударзу Баҳроми шер,
Чу Руҳҳому Гургин – савори далер,
Ҳаме он бад-ин, ин бад-он гуфт: «Шоҳ
Надорад дили номдорон нигоҳ,
Чу Рустам, ки ҳаст ӯ ҷаҳонпаҳлавон,
Бибахшид Ковуси Кайро равон,
Ба ранҷу ба сахтӣ-ш фарёдрас Набудаст ҳаргиз ҷуз ӯ ҳеч кас.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо