Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ки чун Рустам аз вай битарсад ба ҷанг,
Марову туро нест ҷои диранг!
Зи ошуфтани шоҳу пайкори ӯй
Бидидам ба даргоҳ-бар гуфтугӯй,
Зи Суҳроби ял рафт яксар сухун,
Чунин пушт бар шоҳи Эрон макун!
Чунин бар шуда номат андар ҷаҳон,
Бад-ин бозгаштан магардон ниҳон
Ва дигар, ки танг-андар омад сипоҳ,
Макун тира бар хира ин тоҷу гоҳ,
Ки нанг аст бар мо зи Тӯронзамин,
Писанда набошад бари покдин!»
Ба Рустам-бар ин достонҳо бихонд,
Таҳамтан чу бишнид, хира бимонд,
Бад-ӯ гуфт: «Агар бим дорад дилам,
Нахоҳам ба тан ҷон аз ӯ бигсилам,
Ту донӣ, ки нагрезам аз корзор,
Валекин сабук дорадам шаҳриёр!»
«Нагӯяд, – бад-ӯ гуфт, – халқ ин сухан,
Ҷуз аз ту худ, эй пиргурги куҳан!»
Чунин дид Рустам аз он кори ӯй,
Ки баргардад, ояд ба дарбори ӯй.
Аз он нанг баргашту омад ба роҳ,
Хиромон бишуд пеши Ковусшоҳ.
Чу аз дур шаҳ дид, бар пой хост,
Басе пӯзиш андар гузашт ӯ бихост,
Ки «Тундӣ маро гавҳар асту сиришт,
Чунон руст бояд, ки Яздон бикишт
В-аз ин носиголида бадхоҳи нав,
Дилам гашт борик чун моҳи нав,
Бад-ин чора ҷустан туро хостам,
Чу дер омадӣ, тундӣ оростам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо