Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба ангушт лашкар ба Ҳумон намуд,
Сипоҳе, ки онро карона набуд.
Чу Ҳумон зи дур он сипаҳро бидид,
Дилаш гашт пурбиму дам даркашид.
Бад-ӯ гуфт Суҳроби ҷангозмой,
Ки «Дил дор барҷою рух ҳам баҷой,
Набинӣ ту з-ин лашкари бекарон
Яке марди ҷангиву гурзи гарон,
Ки пеши ман ояд ба овардгоҳ,
Гар эдун, ки ёрӣ диҳад Ҳуру Моҳ.
Силеҳ аст бисёру мардум басе,
Сарафроз номӣ надонам касе.
Кунун ман, ба бахти шаҳ Афросиёб,
Кунам даштро ҳамчу дарёи об.
Ба тангӣ надод эч Суҳроб дил,
Фуруд омад аз бора шодобдил,
Яке ҷоми май хост аз майгусор,
Накард эч ранҷа дил аз корзор,
Биорост базму ба хӯрдан нишаст,
Ба гирдаш далерони хусравпараст
В-аз он сӯ саропардаи шаҳриёр
Кашиданд бар дашт пеши ҳисор,
Зи бас хаймаву марду пардасарой
Намонд эч бар дашту бар кӯҳ ҷой.
КУШТАНИ РУСТАМ ЖАНДАРАЗМРО
Чу хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид,
Шаби тира бар рӯз доман кашид,
Таҳамтан биомад ба наздики шоҳ,
Миён бастаи разму дил кинахоҳ,
Ки «Дастур бошад маро, тоҷвар,
К-аз эдар шавам бекулоҳу камар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо